Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонҳои армрестлинги Осиё


Дар панҷумин давраи мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар риштаи армрестлинг ё дастхобонӣ дар шаҳри Душанбе беш аз 220 варзишгар аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбакистон, Ирон ва Белжик тӯли се рӯз рақобат карданд.

Дар ҳисоби дастаӣ аз рӯи шумори медолҳо тими мунтахаби Қазоқистон мақоми аввалро касб кард. Тими ғолиб соҳиби 57 медоли тилло, 36 - нуқра ва 22 - биринҷӣ гардид. Дастаи мунтахаби Узбакистон бо 21 нишони тилло, 27 - нуқра ва 25 - биринҷӣ дар мақоми дуввум қарор гирифт. Дастаи мизбон - Тоҷикистон бо 6 медоли тилло, 14 - нуқра ва 16 - биринҷӣ ҷойи севвумро соҳиб шуд. Адолат Хуҷамқулова, дар рақобатҳо миёни бонувони варзишгари маълул дар вазни мутлақ ду медоли тилло ба даст овард. Хайрулло Абдураҳимов дар сабқати варзишгарони маълул дар вазни 60 килограмм байни ҷавонон ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт. Се намояндаи дигари Тоҷикистон дар сабқати собиқадорони варзиш мақоми аввалро касб карданд: Ҳусайн Қурбонов дар вазни 75 килограмм, Нуриддин Аминов дар вазни беш аз 100 килограмм байни мардон ва Оксана Мигел дар вазни 80 килограмм миёни занон бо медоли тилло сарфароз шуданд.

Сафар Боев, муовини сардовари ин мусобиқот дар бораи натоиҷи ба даст овардаи намояндагони Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ чунин ибрози назар кард: « Дастаҳои маъюбон ва собиқадорони синнашон аз 40-сола ва 50-сола болои Тоҷикистон миёни чунин тимҳои ширкаткунандаи мусобиқот дар мақоми аввал қарор гирифтанд. Умуман, шумори медолҳои тиллои намояндагони Тоҷикистон дар ин мусобиқот нисбат ба мусобиқоти соли гузашта чаҳор адад зиёд аст. Вале дар байни мардону занони варзишгари солими Тоҷикистон ягон кас медоли тилло ба даст наовард.»

Ба гуфтаи оқои Боев беҳтарин варзишгарони мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Душанбе кишварҳои худро дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи армрестлинг дар Бритониё намояндагӣ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG