Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мувофиқати машрути Омрико барои пайвастан ба гуфтушунуд бо Эрон


Як мақоми Иёлоти Муттаҳидаи Омрико гуфт, ки дар сурати "таълиқи таҳқиқпазир"-и урониюм тавассути Эрон омода аст ба музокирот бар сари барномаи ҳастаии Эрон бипайвандад.


Изҳороти Стивен Ҳадлӣ, мушовири амнияти миллии раёсати ҷумҳурии Омрико пас аз он пахш шуд, ки Жак Ширак, раисиҷумҳурии Фаронса хитоб ба қудратҳои ҷаҳон хостори идомаи гуфтушунуд бо Эрон шуд ва гуфт, ки эъмоли таҳримҳо алайҳи Эрон гузинаи қобили давом ба назар намерасад.


Ризо Оқозода, муъовини раисиҷумҳурии Эрон зимни додани ҳушдор алайҳи эъмоли таҳримҳои Созмони Милал гуфт, ки кишвараш ба ҳар навъ "иқдоми хасмона" бо қатъи дастрасии бозрасони байнулмилалӣ ба барномаи ҳастаиаш посух хоҳад дод.


Ҳавиер Солана, масъули сиёсатҳои хориҷии Иттиҳодияи Урупо, ки дар ин гуфтушунуд аз шаш қудрати ҷаҳон намояндагӣ мекунад, гуфт, ки дар ҳошияи нишасти солонаи Маҷмаъи Умумии Созмони Милал дар Нйу Йорк бо Алии Лориҷонӣ, музокиракунандаи аршади Эрон дар умури ҳастаӣ дидор хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG