Пайвандҳои дастрасӣ

Нооромиҳо дар пойтахти Маҷористон


Мақомоти Будопест, пойтахти Маҷористон (Венгрия), гуфтаанд, ки тайи даргириҳои душанбешаб (18 сентябр) миёни муътаризон ва маъмурони пулис дар сохтмони телевизюни давлатии он кишвар 102 маъмури пулис захмӣ шудаанд.


Муътаризон хостори истеъфои Ферентс Ҷйурчанӣ, нахуствазири Маҷористон буданд. Онҳо ду шабакаи телевизюни саросариро ба қатъи муваққати фаъъолият водоштанд.


Муътаризон бо нирӯи пулис бархурд карданд ва чандин худрав (мошин)-ро ба оташ кашиданд. Ин рӯйдоди хушунатомез пас баргузоррии тузоҳуроти умдатан сулҳомезе сурат гирифт, ки истеъфои нахуствазирро тақозо мекард.


Дар як навори видеуии дарзкарда оқои Ҷйурчанӣ эътироф кардааст, ки ба хотири интихоби муҷаддадаш дар моҳи апрели гузашта вай дар бораи фаъъолиятҳои давлат дурӯғ гуфта будааст.


Нирӯи пулис ҳанӯз дар истгоҳи телевизюнии Будопест мустақар аст ва талош мекунад назму сомонро барқарор кунад.
XS
SM
MD
LG