Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲДТ дар интихобот ширкат мекунад ё на?


Созмони Ҳизби демократи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва конфронси ин ҳизб дар вилояти Суғд тасмим гирифтаанд, ки дар интихоботи қарибулвуқӯи раёсати ҷумҳурии кишвар ширкат наварзанд.

Раҷаби Мирзо - раиси Ҳизби демократ дар пойтахти кишвар бо таъйиди ин хабар гуфт, дар ҷаласаи ахири раёсати созмони шаҳрии ин ҳизб қарор бар ин шудааст, ки дар маъракаи интихоботи президентии кишвар демократҳои шаҳри Душанбе иштирок накунанд. Оқои Мирзо афзуд, ки дар қарори раёсати шаҳрии Ҳизби демократ се далели аслии чунин тасмим таъкид шудааст:

«Якум ин ки масъалаи аз лиҳози ҳуқуқӣ то кадом ҳад ҳақ доштан ё надоштани иштироки ҷаноби Раҳмонов дар интихоботи президентӣ ба ҳайси номзад, даъвои дигар ин буд, ки модоме раиси ҲДТ дар маҳбас аст ва ҲДТ вобаста ба ин қазия мавқеи худро эълом карда буд, ки ин ҳабс ангезаи сиёсӣ дорад, набояд ҲДТ дар интихоботи президентӣ ширкат варзад. Ва аз ҳама масъалаи асосӣ ин буд, ки ҲДТ раъйпурсии соли 2003 ба хотири ислоҳи Қонуни асосиро таҳрим эълом карда дар он иштирок накарда буд. Аз ҳамин хотир, аъзои раёсати созмони ҲДТ дар Душанбе гуфтанд, ки ин интихобот ки ба хотири тамдиди фаъолияти Раҳмонов ба ҳайси президент ҳамон референдум ба ҳамин хотир гузаронида шуда буд, созмони ҲДТ дар Душанбе набояд ширкат варзад»

Ин дар ҳолест, ки Раҳматулло Валиев-муовини раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон тасмимоти ду бахши ин ҳизб мабнӣ ба адами ширкат дар интихоботи президентиро мавқеи ниҳоии ҳизб намеҳисобад. Оқои Валиев афзуд, ки бар асоси оинномаи ин ҳизб бахшҳои алоҳидаи он ҳақ доранд, дар мавриди ин ё он рухдоди сиёсӣ назари худро мустақилона ироа кунанд вале тасмими ниҳоӣ дар масъалаи ширкати ҳизб дар ин интихоботи раёсатиҷумҳурӣ дар ихтиёри анҷумани ҳизб мебошад:

«Он нафароне, ки иштироки ҲДТро дар интихоботи президентӣ бойкот эълон кардаанд, онҳо ҳуқуқ доранд барои он ки ин фикр дар дохили ҳизб ҳаст ин фикр дар раёсат ва дар садорати ҳизб ҳам ҳаст. Ин давоми ҳеҷ гуна ҷудоӣ нест.»

Раҳматулло Валиев таъкид кард, ки ба ҳеҷ ваҷҳ набояд тасмимоти созмони демократҳои пойтахт ва конфронси вилоятии ин ҳизб дар Суғдро ҳамчун ҷудоӣ дар суфуфи ин ҳизб арзёбӣ кард.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар рӯзи гузашта ҷиноҳи дигари ҳизби демократи Тоҷикистон бо сардории Масъуд Собиров, ки аз сӯи Вазорати адлия эътироф нашудааст, анҷуман доир ва Таваралӣ Зиёев- муовини раиси ин ҷиноҳро ба унвони номзади ин ҳизб барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ муаррифӣ кардааст. Вале таърихи баргузории анҷумани Ҳизби демократ таҳти раҳбарии Муҳаммадрӯзӣ Искандаров , ки мавқеи ин ҳизбро барои ширкат дар интихоботи раёсатиҷумҳурӣ муайян мекунад, дар рӯзи якшанбеи бистучоруми октябр таъин шудааст.
XS
SM
MD
LG