Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таъсиси комиссияҳои ҳавзавӣ барои баргузории интихобот


Аз аҳзоби сиёсии мухолифи давлат танҳо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон тавонистааст, намояндаҳои худро вориди ҳайъати комиссияҳои ҳавзавӣ барои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ намояд.


Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон бо ташкили як ҷаласа қарор дар бораи таъсиси комиссияҳои ҳавзавӣ барои баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии кишварро қабул кардааст. Тибқи ин қарор дар қаламрави кишвар 68 комиссияи ҳавзавӣ ташкил ва аъзои он мушаххас шудааст. Муҳибулло Додоҷонов - раҳбари дафтари Комиссияи марказии интихобот дар мавриди намояндаҳои аҳзоби мухолиф дар ҳайъатҳои комиссияҳои ҳавзавӣ гуфт, ҲНИТ 57 нафар намоянда пешниҳод кардааст ва ҳамаи ин намояндаҳо шомили комиссияҳои ҳавзавӣ шудаанд. Бино бар гуфтаи ҷаноби Додоҷонов, ба онҳо аз аҳзоби демократӣ, сотсиалистӣ ва сотсиал - демократҳо ягон мактуб нарасидааст.


Муҳибулло Додоҷонов -раҳбари дафтари Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон изофа кард, ки дар ҳайати чаҳор комиссияи ҳавзавии шаҳри Душанбе намояндагони ҳеҷ як аз аҳзоби сиёсӣ ворид нашудаанд.


Ҳикматулло Сайфуллозода- масъули маркази таҳлилии ҲНИТ мегӯяд, ташкили комиссияҳои ҳавзавӣ бидуни намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар пойтахт бо дастури мақомоти шаҳрдорӣ сурат гирифта бори дигар шаҳодати нуфузи ҳокимияти иҷроия ба кори баргузории интихобот аст.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG