Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷинисо Султонова даргузашт


KB Дар Душанбе дар синни 58-солагӣ адиби шинохтаи бачаҳо Тоҷинисо Султонова аз олам чашм пӯшид. Хонум Султонова дар солҳои охир сардабири нашрияи кӯдаконаи "Анбоз" буд.

Дӯсти наздики вай шоира Маҳбуба Неъматзода гуфт, ки солҳои зиёд буд Тоҷинисо Султонова аз дарди қалб азият мекашид. Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ ӯ гуфт:

"Тоҷинисо солҳо буд дарди дил дошт. Як дафъа дар шифохона ҳам табобат кардааст. Соли гузашта мо дар Фестивали китобу мусиқии бачагону наврасон дар шаҳрҳои Кӯлобу Мӯъминобод, Восеъ, Данғара ширкат кардем ва он ҷо ҳам ӯ ҳамеша доруи дарди дилро ҳамроҳ нигаҳ медошт. Мегуфт "Бе дору зиндагӣ карда наметавонам"

Тоҷинисо Султонова барои бачаҳои тоҷик чанд китоби ҳикояву қиссаро ба нашр расонидааст. Хонум Маҳбуба Неъматзода гуфт, ки имсол охирин китоби ҳикояҳои вайро аз ҳаёти оилавии ҷавонон нашрияи "Адиб" ба нашр расонд. Равшани Ёрмуҳаммад, адиби дигари шинохтаи кӯдакон аз ин китоб чун маҷмуаи достонҳои самимӣ аз зиндагии воқеӣ ёд мекунад. Хонум Тоҷинисо Султонова, модари се фарзанд, ҳамсари собиқ муовини раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон буд.
XS
SM
MD
LG