Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раъйдиҳӣ дар минтақаи ҷудоихоҳи Назди Днестр


KB Натиҷаҳои пешакии раъйдиҳии минтақаи ҷудоихоҳи Назди Днестри ҷумҳурии Молдова мегӯяд, ки ба эҳтимоли бештар 90 дар сади мардум барои ҷудо шудани ин минтақа аз ҳайати Молдова мувофиқати худро баён кардаанд.

Ду дар сад гуфтаанд, ки мехоҳанд дар ҳайати Молдова ба сар баранд. Натиҷаҳои ниҳоии ин раъйдиҳӣ баъдтар эълон хоҳад шуд.
Камиссиюни маҳаллии интихоботӣ мегӯяд, ки дар раъйдиҳии рӯзи якшанбе 70 дар сади мардуми доройи ҳақи раъй ширкат карданд. Дар ҳамин ҳол, нозирони аврупойӣ ва Созмони амнияту ҳамкории Аврупо бо ғайридемократӣ хондани табиати режими минтақаи Назди Днестр, референдумро бойкот карданд. Кишинев мегӯяд, ки натиҷаҳои ин раъйдиҳиро эътироф нахоҳад кард. Аммо Маскав референдумро "баёнгари хости мардум" номидааст.
Минтақаи Назди Днестр бо 500 ҳазор ҷамъияташ ҳанӯз соли 1990 истиқлолияти худро эълон карда буд. Аммо ин ҷудоихоҳие, ки ҳамроҳ бо хунрезиҳои зиёд ҷараён гирифт, билохира аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ эътироф нашуд. Дар ин минтақа ғолибан аҳолии русзабон ба сар мебаранд ва дар раъйдиҳии рӯзи якшанбе раиси ҷумҳурии ин минтақаи ҷудоиҳхоҳ Игор Смирнов низ изҳори умедворӣ намуд, ки натиҷаҳои референдум аз ҷониби Федератсияи Русия эътироф хоҳад шуд.
Аз нигоҳи таҳлилгарон, ба эҳтимоли бештар зарурарати баргузории раъйдиҳии ахир ба фишори афзояндаи иқтисодии ҳамсояҳо - Молдоваву Украина бастагӣ дорад. Дар чаҳорчӯби ҳамкориҳо бо Иттиҳоди Аврупо ин ду ҷумҳурии собиқ шӯравӣ мехоҳанд чораҳои амниятии минтақаро тақвият бахшанд. Аз назари Кишинев, минтақаи Назди Днестр дар ин 16 соли охир ба маҳалли таҷаммӯи шабакаҳои ҷинойӣ табдил ёфта, ба вазъи амниятии ин бахши Аврупо таҳдид мекунад. Ҳамин таҳлилгарон пешгӯӣй мекунанд, ки ба эҳтимоли бештар натиҷаҳои раъйдиҳӣ ин навбат низ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф нахоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG