Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод ба Венезуеэло меравад


Ин кишварҳо дар сангари мухолифати шадид бо Вашингтон қарор доранд ва Чавез ҳам дар навбати худ аз барномаи ҳастаии Эрон ҳимоят мекунад.


Венезуэлову Эрон ба тавофуқ расиданд, ки дар самти кашфу истихроҷи нафт ва гази табийӣ дар қаламрави Венесуэла ҳамкориро ба роҳ монанд. Қарор аст, баъди як мулоқоти муқаддамотӣ рӯзи якшанбе, раҳбарони ду кишвар рӯзи душанбе аз майдони нафтие рафта дар марсоими оғози корҳои кашфу истихроҷи нафт ширкат кунанд.


Интизор меравад, ки ҷонибҳо зери 20 санади ҳамкорӣ имзо мегузоранд. Дар миёни ин созишномаҳо паймони таъсиси корхонаи кимиёву нафт, корхонаи тавлиди абзори ҷарроҳӣ ва созишномае дар мавриди таълиму омӯзиши кормандони корхонаи филизоти Венезуэло аз ҷониби мутахассисони эронӣ мебошанд. Венезуэлову Эрон ба қароре расиданд, ки бунёди муштараки сармоягузориро бо маблағи 200 миллион доллар таъсис диҳанд.


Инчунин Эрон тааҳҳуд кардааст, ки дар Венезуэло 10 ҳазор манзили зист бунёд кунад. Ҳукуматҳои ин ду кишвар ба тавофуқ расиданд, ки коргоҳи хиштсозиву тавлиди семент, корхонаи дучархасозӣ ва ба қавли Чавез, корхонаи мошинсозиро низ ба роҳ андозанд.
XS
SM
MD
LG