Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э. Раҳмонов: "Ҳанӯз тасмим нагирифтаам"


Номзади эҳтимолии аслӣ ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмонов гуфт, ки ӯ ҳанӯз барои худ тасмим нагирифтааст, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ширкат хоҳад кард ё на.


Эмомалӣ Раҳмонов гуфт, ки дар ҳафтаи наздик тасмими худро хоҳад гирифт ва исми номзади Ҳизби халқӣ-демократӣ дар анҷумани он, ки қарор аст рӯзи 23-юми сентябр баргузор шавад, муайян хоҳад шуд.


Раисиҷумҳур Раҳмонов гуфт, ки аз назари вай имрӯз дар Тоҷикистон ҷавонони зиёди боистеъдод ҳастанд, ки метавонанд дар интихобот ширкат кунанд. Чунин буд посухи раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов ба суолҳои хабарнигорон, ки ахиран дар маросими ифтитоҳи кори сохтмони хати баландшиддати барқи мавсум ба "Ҷануб-Шимол" ширкат карданд.
XS
SM
MD
LG