Пайвандҳои дастрасӣ

Қароқулов ва Ғаффоров - нахустин номзадони интихоботӣ


Ба гуфтаи мақомоти ҲКТ, Амир Қарорқулов, ки ба сабаби маризӣ дар кори анҷумани ҳизбаш ширкат накард, аммо ба сурати катбӣ ризояти худ барои номзад шуданро додаст. Амир Қарорқулов 64 сол дорад, ноиби раиси Академияи улуми кишоварзӣ мебошад. Ӯ дар гузашта аз аъзои собиқадори Ҳизби комунисти Тоҷикистон, муовини вазири кишоварзӣ ва муншии Ҳизби комунист будаааст. Ҳизби кишоварзиро ӯ дар як соли қабл таъсис кардааст. Вале то ҳанӯз дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон як шахсияти ношинохта аст. Ва ба гуфтаи мухолифони давлат, ҳизби ӯ низ ҳамкор ё шарики Ҳизби халқӣ-демократии ҳоким дар Тоҷикистон мебошад.
Аммо Абдуҳалим Ғаффоров, муддаии дигари раёсати ҷумҳурӣ дар анҷумани ҳизбаш (Ҳизби сотсиалист) ширкат дошт ва роҷеъ ба барномаи интихоботиаш низ сӯҳбат кард. Ӯ аз фасоди идорӣ ва хусусигардонии бенизомии моликияти давлатӣ изҳори нигаронӣ кард ва сиёсати давлат дар ин заминаро нокифоя хонд. Аммо гуфт, дар ҷараёни корзори интихобот шояд ба ду мушкил мувоҷеҳ шавад, яке камбуди маблағ ва дигаре ҷамъоварии имзо.
Аммо анҷумани ҲСТ дар ҳоле Абдуҳалим Ғаффоровро ба раёсати ҷумҳурӣ номзад мекунад, ки қарор аст рӯзи якшанбе ҷиноҳи дигари ҲСТ бо сардории Мирҳусейн Назриев низ ба манзури муаррифии номзади ин ҳизб ташкили анҷуман диҳад. Аммо мақомоти адлия ҷиноҳи Назриевро ба расмият намешиносанд.
Дар ҳамин ҳол Муҳибулло Додоҷонов, раиси дастгоҳи Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) гуфт, бо муаррифии ин ду довталаб дар Тоҷикистон аз имруз корзори интихоботӣ ба сурати расмӣ оғоз шуд. Аммо, гуфт оғои Додоҷонов, ин ду анҷуман ба манзури риояи шароити қонун, яъне дақиқан 50 рӯз то интихобот, муаррифӣ кардани номзадҳо, бояд рӯзи якшанбе низ идома кунанд ва қарори худро танҳо рӯзи 17-уми сентябр ба тасвиб расонида ба КМИРТ ироа кунанд. Ҳамчунин рӯзи якшанбе дар шаҳри Душанбе анҷумани ду ҳизби дигар - Ҳизби демократи ҷиноҳи Собиров ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ низ ба манзури муарифии номзадҳои худ доир шавад.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG