Пайвандҳои дастрасӣ

Поп Бенедикт изҳори таассуф кард


Вотикон мегӯяд, Поп Бенедикти 16 сидқан мутаассиф аст, ки суханони ӯ роҷеъ ба ислом ва хушунат боъиси ранҷиши хотири мусалмонон шудааст.


Поп Бенедикт дар ҷараёни сафари ахираш ба Олмон суханроние тӯлонӣ дошт ва дар хилоли он ба як импротури Бизонс (Византия) дар садаи 14 истинод кард, ки гуфта буд, Муҳаммад, паёмбари ислом, ба ҷаҳон чизе ба ҷуз бадию шарорат наовардааст.


Созмони Конфронси Исломӣ, ки 57 кишвар узви он ҳастанд, раҳбари котуликҳои ҷаҳонро ба туҳмат алайҳи ислом муттаҳам кард. Маҷлиси Покистон аз Поп хостааст, ки суханонашро пас бигирад ва созмони Ихвон-ул-Муслимин мустақар дар Миср аз кишварҳои мусалмон хостааст, ки бар Вотикон фишор оваранд, то раҳбари котуликҳо пӯзиш бихоҳад.


Аҳмади Хотамӣ, як рӯҳонии муҳофизакор дар Теҳрон, дар хутбаҳои намози ҷумъа ба намозгузорон гуфт, ки раҳбари котуликҳои ҷаҳон ба ислом тавҳин кардааст.


Ва дар Туркия Солеҳ Қопусӯз, муъовини раҳбари Ҳизби Адолат ва Тавсеъа гуфт, ки изҳороти Поп Бенедикт ҳокӣ аз "зеҳни торики ӯст, ки аз зулмати қуруни вусто сарчашма мегирад."


Вотикон гуфт, ки коҳини бузурги котуликҳо қасди ранҷондани мусалмононро надоштааст. Гузоришҳои расида ҳокӣ аз он аст, ки баъд аз узрхоҳии кашиши бузург, Вотикон чораҳои амниятиро дар атрофи мақарри поп шадидтар кардааст.
XS
SM
MD
LG