Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии созмонҳои байнулмилалӣ аз марги хабарнигори туркман


Дафтари ҳуқуқи башари Созмони Милал гуфтааст, ки хабари марги Уғулсафар Муродова, хабарнигори родю Озодӣ дар боздоштгоҳе дар Туркманистон "бисёр нигаронкунанда" аст.


Хозе Диаз, сухангӯи Кумисериёи Олии Созмони Милал дар масоили ҳуқуқи башар гуфт, ин ниҳод аз мақомоти туркман хостааст, то дар мавриди қазияи марги бону Муродова таҳқиқи тамому комил, сареъ ва мустақилле анҷом бигирад.


Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо низ хостори таҳқиқи 'фарогир ва мунсифона'-и ин қазия шуд. Фарзандони Уғулсафар Муродова рӯзи панҷшанбе (14 сентябр) аз марги модарашон мутталеъ шуданд. Мақомоти амниятии Туркманистон гуфтанд, ки Уғулсафар Муродова бо марги табиъӣ даргузашта, аммо мудофеъони ҳуқуқ ва хешовандони бону Муродова мегӯянд, ки мумкин аст ӯро кушта бошанд.


Моҳи гузашта як додгоҳи Туркманистон Уғулсафар Муродоваро ба ҳамроҳи ду фаъъоли ҳуқуқи башар ба шаш то 7 сол зиндон маҳкум кард.


Ҷаласаи муҳокимаи ҳар се муттаҳам барои 10 дақиқа тӯл кашид ва гурӯҳҳои мудофеъи ҳуқуқи башар онро як мазҳакаи адолат номиданд. Созмонҳои ҳуқуқи башар, аз ҷумла Афви Байнулмилал, низ хостори таҳқиқи шароити марги Уғулсафар Муродова шудаанд.
XS
SM
MD
LG