Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз раҳбари оянда чӣ мехоҳед?


Саломун алейкум, кормандони радиои Озодӣ. Аз шумо ташаккур мекунам ба ин баҳси муҳимми сарнавиштсози миллати тоҷик, ки матраҳ намудед. Ман аз раисиҷумҳури оянда интизори инро дорам, ки барои ободии ҷумҳурии азизи Тоҷикистон талоши бештар кунад ва дар зимн озодии дини исломи азизро дар назар дошта бошад, то ин ки мардуми мусалмони тоҷик дуои хайр барояш кунанд. Фарқ намекунад раисиҷумҳур кӣ бошад, ё ҷаноби Имомалӣ Раҳмонуф бошад ё каси дигар, фақат ин ду масъаларо мадди назар қарор бидихад. Бо ташаккур
Муҳаммади Хушбахт
--------------------------------------

Аз ҷаноби Раҳмонов ман ҳич чиз намехоҳам. Факат аз худо мехоҳам, ки ин ҷаноби Раҳмоновро дар оянда ҳидоят намояд, то мардуми омма дар амон бошанд
Низом Асомуддинов
--------------------------------------

Хоҳиши ман аз раҳбари оянда ин аст ки ҳаҷми содиротро аз воридот ба маротиб зиёд кунад. Агар ин амалро анҷом надиҳад, беҳтараш ин аст, ки аз садри раёсат бурун равад, то ин ки миллатро муздури дигарон нагардонад.
Салим
--------------------------------------

Бо арзи салом ба ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистони азиз, ки ин сайтро мехонанд. Барои ҳама маълум аст ва ман сад фисад ба ин боварӣ дорам, раҳбари ояндаи кишвари мо боз ҳам барои 7 соли дигар Эмомали Раҳмонов хоҳад буд. Барои ҳамин ман мустақиман ба эшон муроҷиат мекунам, ки бояд корҳои зайлро дар фаъолияти марказии худ қарор диҳад:

1. Муборизаи ошкоро ва амалӣ бо коррупсия. Шахсони дар ин амал дастгиршударо ба воситаи синамо ба мардум нишон диҳанд ва аз ҷазои онҳо низ ба мардум хабар диҳанд.
2. Маорифро барномаи миллӣ эълон карда, пеш аз ҳама маоши омӯзгоронро вобаста ба дараҷаҳо аз 150 то 300 сомонӣ расонанд.
3. Ба маҳалгароӣ дар интихоби муттахасисон дар сатҳи вазорату идораҳои давлатӣ хотима дода шавад ва беҳтарин фарзандони ватан аз ҳамаи минтақаҳои кишвар ба ин вазифаҳо интихоб шаванд.
4. Ба ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони муҳоҷири тоҷик дар Русия қадами ҷиддиро бояд гузоранд.
5. Сохтмони шороҳҳо ва истгоҳҳои барқӣ ба сурати ҳозирааш идома дода шавад.
6. Бадахшон ҳам аз мадди назар дур намонад
7. Ва аз ҳама муҳим худро аз сиёсати номатлуби баъзе мансабдорони лаганбардор ҷиддан эҳтиёт кунад, ки фасоду дурӯғашон эътибори ӯро дар миёни мардум коста мегардонанд ва ба пайдо шудани шахсиятпарастӣ замина мегузоранд, ки ин ТАҲДИДЕ ҶИДДӢ аст, барои раванди ДЕМОКРАТИКУНОНИИ ҶОМЕА.
Сарғалта
--------------------------------------

Ба назари ман, президенти ояндаи Тоҷикистон бояд як фарди аз ҳама ҷиҳот обутобёфтаи тоҷик бошад, ки дар воқеъаҳои сиёсии солҳои 1992-97 иштирок надошта бошад. Ў бояд истиқлоли худододи мардуми тоҷик ва тоҷикистониёнро ҳифз намуда, дар идоракунии давлат гуногунандеширо (бисёрҳизбӣ ва гуногунмаҳаллиро) пеша гирад. Вай бояд раҳбарии давлатро ба дўши худ гирад ва раҳбарии ҳукуматро пурра ба дўши Сарвазир вогузорад. Сарвазир ҳам мисли президент, агар илоҷ бошад, бо роҳи алтернативӣ интихоб шавад ва чун президент барои Ватану халқ қасам ёд кунад. Дар он сурат масъалаи ҷобаҷокунии кадрҳо, ки яктарафа ва аз рўи маҳаллу садоқат ба шахс, ҳамчун бемории саратон дар ҷисми ҷомеъа ҷо дорад, решакан хоҳад шуд.
Соибсаро
--------------------------------------

Агар мардум аз президентҳои ояндаашон чунин умеду орзуҳоеро дар дил мепарварида бошанд, бигзор, ки барои муддате раисиҷумҳур надошта бошанд!
Мурод
--------------------------------------

(Илтимос, узри маро нисбати ба забони инглисӣ худро изҳор карданам қабул намоед).
Open up for foreign investors. Dont suck the blood of them, otherwise we will lose the opportunity that other asian sates had gained decades ago... We sure dont want to wait for another long period of time to attract those rich partners,..Afterall EDUCATION !!! Please provide the teachers and instructors with reasonable salary and let the young generation be educated... Peace!
Kiropol_doro

Баргардон: Дарҳоро ба рӯи сармоягузорони хориҷӣ боз кун. Хуни онҳоро намак, вагарна мо фурсатеро аз даст хоҳем дод, ки дигар кишварҳои осиёӣ даҳсолаҳо пеш ба даст овардаанд... Мусалламан, мо намехоҳем барои муддати дарози дигаре мунтазири ҷалби он шарикони сарватманд бимонем... Саранҷом, омӯзишу парвариш!!! Хоҳиш мекунам, ба устодону омӯзгорон дастмузди маъқуле бидеҳ ва бигзор, ки насли ҷавон омӯзишдида бошад... Бо салом!
Kiropol_doro
--------------------------------------

Зиндагӣ маънии "Қуръон" асту бас! Пас андешаи раҳбари ояндаи мо бояд ҳатман аз "Қуръон" сарчашма гирад, ки мантиқан он, албатта, ғайри Раҳмонов бояд бошад.
Мӯрча
--------------------------------------

Салом, Меҳани азизу кӯчаки ман, Тоҷикистони ба ном озоди ман. Раҳбари ояндаи Тоҷикистон бояд шахси пурқудрат ва сиёсатмадор ва иқтисоддон бошад. Дар баробари ҳамаи инҳо бояд аз дини ислом бохабар бошад. Ман ин чизро дар амали Раҳмонов намебинам. Пас, эй раҳбари ояндаи Тоҷикистон, ки дорои чунин хислатҳои зикршуда ҳастӣ, биё ба сари қудрати сарварӣ. Баъдан, ман намехоҳам, ки сарвари оянда аз ҳафт сол зиёд сарварӣ кунад, зеро одамизод бехато нест.
Даврон
--------------------------------------

Интихоботи кунунӣ бояд ивази тамоми мансабдорони давлатӣ шавад. Зеро он идеулужии шӯравӣ хеле фарсуда шудааст. Ҷомеаи нав мехоҳад интихоботи шахсони сохибфарҳангро ва мо, ҷавонон талаби бо озмунҳо интихоб шудани тамоми вазифаҳои давлатиро хоҳонем; аз сарвазир сар карда то вузарову ҳукамои шаҳру навоҳӣ. Ин дархости қатъии мо, ҷавонон аст. Зеро истеъдодҳо дар Тоҷикистон хор ҳастанд. Онҳо вазифаи муқаддаси хидмат ба Модар-Ватанро бояд ба ҷо оранд.
Фирдавс, хатмкунандаи Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон, муҳандиси кӯҳкорӣ
--------------------------------------

Орзуи ман...- конститутсия (Қонуни Асосӣ)-ро чунин навиштан даркор, ки он ҳуқуқи тоҷикро дар ватанаш муҳофизат намояд. Конститутсияи мо умуман нафъи тоҷикро ҳамчун соҳибватан муҳофизат наменамояд.
Баҳористон
--------------------------------------

Ба номи худованде, ки беҳтарин сарпараст аст ва сарпарасти одилро дӯст медорад. Салом ба раисиҷумҳури оянда ва мардуми тоҷик ва ҳам ба радиои Озодӣ! Мо мехоҳем раисиҷумҳури мо ислом ва паёмбари исломро улгу (намуна)-и худаш қарор диҳад, зеро мо, мардуми тоҷик, ҳама мусалмонем ва набояд фарҳанг ва ахлоқи худро аз Ғарб ва бегонагон бигирем. Чун ҳар кас аз фарҳанг, ахлоқ, дин ва улгуи худ дур шавад, ҳич вақт муваффақ намешавад. Имлоси мо, фарҳанги мо ва илм барои мо хеле кумак мекунад ва бас.
Tajik
--------------------------------------

Ман мехоҳам як раис-ҷумҳури зартуштӣ дошта бошем, ки ростандеш, ростгӯй ва росткор бошад. Пешрафти ҷаҳон дар ростист. Дурӯғ аст, ки то кунун моро ба қафо водоштааст. Бедруд,
Фаромарз
--------------------------------------

Бо салом. Ростӣ, меоед ба ҷумҳуриҳои дигар, хусусан урупоӣ, мебинед ҳама зиндагии хушрову озодии суханрову озодона ва осоишта зиндагии мардумро, тозагии шаҳрҳоро,... дили кас аз Тоҷикистони "озод"-и мо ях мегардад. Ман ҳамчун як шахси тоҷик мехоҳам, ки ба сари давлати Тоҷикистон шахсе ояд, ки пур аз фарҳанг бошад, дурандеш ва кордон бошад. Сарвари нав бояд ҳатман ба илму фарҳанг эътибори ҷиддӣ диҳад.
Далер
--------------------------------------

Салом! Ҳоло дар тасаввури ман намегунҷад, ки раҳбари ояндаи Тоҷикистон беш аз Раҳмонов бошад. Чунки ҳанӯз дар кишвари мо андешарониҳои демукросӣ ва ҷаҳонӣ роиҷ нашудааст. Одамон ҳам берун аз Тоҷикистон ва ҳаёти мардуми ин ҷумҳурӣ берунро дида наметавонанд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, аз раисҷумҳури ояндаи кишвар, ки миллионҳо мардуми сарсони тоҷик интихоб мекунад, аввал одил, дуввум оқил ва севвум оддӣ бошад. Баъдан, ман ҳар чи бештар аз маргумири мардикорони ҷавон дар кишвари Русия метарсам. Барои ҳамин вазифаи аввалиндараҷаи раисиҷумҳур дарёфти ҷои корӣ дар дохили кишвар барои ҷавонони тоҷик аст. Ҳамчунин хоҳиш мекунам аз раисиҷумҳури ояндаи кишвар, ки вазифаи раисии ҳукумати Тоҷикистонро ба дӯши сарвазири кишвар вогузорад, то вазирону сарвазирону дигар меҳмононро сарвазир қабул кунад, на президент... Сониян, аз вохуриҳою баромадҳои дилгиркунанда даст кашад... Бо умеду хоҳишҳои зиёд,
Каюмарс
--------------------------------------

Тоҷикистон ба раисиҷумҳури бохирад ниёз дорад, ба раисиҷумхуре, ки маҳалгаро набошад...
Озодихоҳ
--------------------------------------

Салом. Ба фикри ман раисиҷумҳури ояндаи Тоҷикистон бояд шахси лаёқатманде бошад, ки маҳалгаро ва қавмгаро набошад. Дар ҷо ба ҷо кардани кадрҳо бояд бисёр ботаввачӯҳ бошад, шахсони бесаводу бемаданиятро сари қудрат намонад, чуноне, ки имрӯз раисони баъзе шаҳру ноҳияҳо, ки одоби муомила ва гуфтор надоранд.
Муҳаммад
--------------------------------------

Салом ба ҳамватанони азизу меҳрубонам! Аз раиси оянда мехоҳем, барои мо ҷавонон мактабу мадраса ва масоҷид боз кунад дар ивази майхонаву айшхонаҳое, ки алъон мебинед. Мақсад як одами ватандӯст биёяд, ки дар фикри ватан ва мардумаш бошад, на дар фикри хешу табору қавм ва қабилаи худ ё ғами кисаи худ.
Байрузҷон аз Варзоб.
---------------------------------------------

Ман дар орзуи як шахси баору номус мебошам, ки хориҳои миллати худро дида натавонад, тоқат накунад. Аммо афсӯс, дар кишварҳое монанди кишвари мо орзуи мардум ба назар гирифта намешавад.
Боғитанга
---------------------------------------------

Дуруд! Қабл аз ҳама райисиҷумҳури Тоҷикистон мушкилоти аслии мардуми кишварро. ки аз надоштани хона то надоштани ҷойи кори аст, бояд ҳал кунад. Мо ҳам дигар аз барномаҳои фарҳангии ин Президент хел хаста шудаем. Президенте акнун лозим аст, ки сулҳи тоҷиконро мустаҳкамтар ва пайвастагии маҳалҳои ҷумҳуриро қавитар кунад ва ҳама доду шикояти мардумро нодида нагирад.
А.Салимӣ
----------------------------------------
Салом, ҳамватанони азиз. Пеш аз ҳама аз раисиҷумҳур умед дорем, ки ба илму фарҳанг ва дини ислом бартарӣ диҳад. Бо ин роҳ шояд шавад, аз ришвахорӣ ва фасоди ахлоқ пешгирӣ кард. Ва афсӯс ки интихоботҳои мо озодона намегузаранд, ба ин сабаб дар ҷомиа президентшавандаи хуб худро нишон намедиҳад.
Бо эҳтиром Абумуҳаммад
аз хориҷи кишвар.

----------------------------------------

Салом ба ҳамватанони азизи тоҷикам! Ба фикри ман, вақти Эмомалӣ Раҳмонов халос шудааст. Мо як нафаре кор дорем, ки моро дар дунё ба як рақами дигар машҳур созад, на ба рақсу бозӣ, ки ӯ нишон медиҳад. Бошад, ки ӯ дар интихобот ноком монад.Мо ба як президенте кор дорем, ки дар фикри мардум ва ватанаш бошад, на дар фикри хешу табору қарияи худ.
------------------------------------------

Аввалан, арзи салом ва адабу эҳтиром дорам хидмати тамоми дастандаркорони радио Озодӣ ва ташаккур мекунам, ки дар фикри мардуми тоҷик ҳастед. Ба назари ман, раиси ҷумҳури оянда бояд дар марҳилаи аввал тамоми талошашро барои баланд бардоштани сатҳи илму фарҳанги Тоҷикистон равона кугад, чун агар мо ҳама чиз дошта бошему илму фарҳанг надошта бошем, пас ин дороии мо ҳамагӣ чанд соле давом хоҳад карду бас. Мо дастони он раисиҷумҳуриро мебӯсем, ки битавонад шароите муҳайё кунад, ки ҷавонони моро ба қуллаҳои баланди илму маърифат бирасонад.
Фирдавс Масрурзода
-----------------------------------------

Президенти ояндаи Тоҷикистон бояд донад, ки баъди 7 сол аз сари қудрат меравад. Аз ин хотир бояд ҷиноят дар ҳар шакл содир нанамояд ва мисли имрӯзиҳо ба хотири нигоҳдошти бақои салтанати худ ҳар дафъа ба Қонуни асосӣ аз сари тарс тағйиру иловаҳо ворид насозаду худро дар қудрат нигоҳ дорад.
Ин аст ягона таманнои ман аз ҳар нафаре ки Президенти оянда мешавад. Намедонам чаро аммо алорағми бисёриҳо ман бовар дорам, 6 ноябр ба сари қудрат нафари наве меояд. Ҳатман бо ҳар роҳе ки бошад...
Ватандӯст
---------------------------------------

Худо он миллатеро сарварӣ дод, ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.
Ба он миллат сару коре надорад, ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

Ҳамон рӯзе ки шоистаи раисҷумҳурии хубтар гаштем, Худо ба мо он нафарро эҳдо мекунад.
----------------------------------------

Салом. Ба фикри ман, раисҷумҳури Тоҷикистон бояд нафаре бошад, ки дар ҷангҳои дохили солҳои 1992-97 даст надошта бошад. Чунин як раис метавонад, барои миллати азият кашидаи тоҷик хидмат кунад. Маҳалбозӣ ва ришвахорӣ яке аз сабабҳои умдатарини қафомонии Тоҷикистонанд. Аз таърихи миллатҳои дигар ба мо маълум аст, ки тамоми миллатҳое ки аз сарашон ҷанг гузаштааст, пас аз ҷанг бо корҳои хирадмандони роҳбаронашон пешравиҳои зиёд намудаанд. Мутаассифона, роҳбарияти Тоҷикистон баъди ҷанги шаҳрвандӣ аз пайи пуркардани кисаҳои худ ва маҳалбозӣ гаштанд. Воқеъан Миллати Тоҷик ба як сарвари дилсӯз ва Мусалмон эҳтиёч дорад.
Худованд Миллати Моро сарбаланд намояд ва моро шоистаи раисҷумҳури ғамхор бигардонад.
Карими Азиз
----------------------------------------
Ба назари ман, раисиҷумҳурии оянда, ки ҳамон раисиҷумҳурии "гузашта" хоҳад буд, 10 дарсад аз таваҷҷуҳ ба рақсу сурудро ба пешрафти илму текнулужӣ, иқтисод, мушкилоти маъишати мардум, мушкилоте, ки имрӯз қишри ҷавони тоҷикро домангир аст (фарҳангӣ-ахлоқӣ), муборизаи ҷиддӣ, воқеъӣ ва бидуни дар назар гирифтани маҳал, бидуни афроди ришвахор, бо тақвияти ҷойгоҳи минтақаӣ ва байнулмилалии Тоҷикистон ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ (бидуни "доля") ва ҳалли мушкили обу барқу гози миллат равона кунад. Ба раисиҷумҳурии "нав"-и Тоҷикистон барори кор орзу дорам.
Адҳам Раҷабов
--------------------------------------------

Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизе ҳаст ё беш аз андоза дароз аст, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳад шуд. Зимнан, ҳич назаре дар Майдони Баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG