Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин ва Тоҷикистон имзо мекунанд...


Юй Гуанжоу, муовини вазири тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин гуфт:

«Зеро Чин ва Тоҷикистон ҳамкор ва ҳамсояи хубанд. Дар ин нишаст мо бо ҷаноби вазири иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон самтҳои авлавиятдори ҳамкориҳои ду кишвар, аз ҷумла дар бахшҳои энержӣ, нақлиёт, кишоварзӣ ва саноати кимиёро баррасӣ кардем. Ҳамчунин дар доираи ҳамкориҳои бисёрҷониба мо силсилаи тарҳҳо дар бахшҳои энержӣ, нақлиёт ва телекоммуникатсияро мавриди назар қарор додаем.»

Оқои Гуанжоу ҳамзамон хостори таваҷҷӯҳ ба иҷрои тарҳҳои мавриди амал қарордоштаи Тоҷикистон шуд, ки аз сӯи Чин сармоягузорӣ мешавад. Ӯ ҳамчунин афзуд, бояд ҷараёни воридоти сармояи Чин ба Тоҷикистон афзоиш ёбад. Ҳамчунин ҷониби Тоҷикистонро даъват намуд, ки масъалаи бо ин кишвар амалӣ шудани низоми бераводиди равуои шаҳрвандони ин кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирад.

Дар ҳамин ҳол, Ҳаким Солиев, вазири иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон гуфт, дар мавриди пешниҳодоти ҷониби Чин чанд тарҳҳои омода мавҷуд аст, ки ба сармоягузорӣ ниёз доранд. Ҳамчунин афзуд, ҷиҳати ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон қарзҳо аз боҷи гумрукӣ ва андози дубора озод шудаанд. Оқои Солиев дар робита ба баррасии масъалаи низоми бераводид миёни Тоҷикистону Чин гуфт:

«Мувофиқи созишномаи байни ин ду кишвар, дар мавриди дарёфти раводид мо ба ҷониби Чин имтиёзҳои зиёд додаем. Ва тавре имрӯз муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон гуфт, моҳи декабри соли ҷорӣ як комиссиюни бонуфузе ташкил мешавад, чанде аз масоили мавҷуда дар мавридро ба баррасӣ мегирад.»

Дар нишасти мазкур, ҷониби Тоҷикистон ба дархости ҳамкориҳои Чин тарҳҳои сармоягузоришавандаи таҷдиди нирӯгоҳи барқи обии Норак, бунёди силсилаи нирӯгоҳҳои кӯчаки барқи обӣ дар рӯдхонаи Зарафшон, тармими Маркази гармдиҳии Душанбе ва роҳи Қалъаихумб-Мурғобро пешниҳод кард. Ҷонибҳо ҳамзамон дар мавриди рушди бахши кишоварзӣ, бунёди корхонаҳои коркарди фаровардаҳои кишоварзӣ ва парвариши муштараки пунба бар асоси фанновариҳои ҷадид ба мувофиқа расиданд.

Чин дар феҳрасти даҳ кишвари бузурги сармоягузор ба иқтисоди Тоҷикистон дар мақоми ҳафтум қарор дорад. Соли ҷорӣ ҳудуди чаҳорсад ҳазор доллари амрикоӣ ба иқтисоди Тоҷикистон мустақим сармоягузорӣ кардааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 300 ҳазор доллари амрикоӣ афзоиш дорад. Дар маҷмӯъ, сармоягузориҳои мустақими Чин ба Тоҷикистон ҳудуди даҳ миллион доллари амрикоиро ташкил мекунад.


Дар ин бора боз бихонед:

Чин ва Тоҷикистон аз якдигар чӣ таваққӯъ доранд?
XS
SM
MD
LG