Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додоҷонов: Ҳизби Демократӣ зери раҳбарии Искандаров ҳаққи ширкат дар интихоботро дорад


Муҳибулло Додоҷонов-раҳбари дафтари Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, дар посухи Вазорати адлия ба дархости ин комиссия ҷиҳати муайян кардани шароити ҳуқуқии ширкати аҳзоби сиёсӣ омадааст, ки ҳашт ҳизби расмӣ ҳуқуқ доранд, дар интихобот иштирок ва номзади худро пешбарӣ кунанд. Оқои Додоҷонов афзуд, ки дар номаи расмии вазорат чунин ҳаққи ширкатро ба Ҳизби демократӣ таҳти раёсати Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ҷойиз донистаанд.

«Дар ин ҷавоб гуфта шудааст, ки Ҳизби демократи Точикистон, роҳбараш Муҳаммадрӯзӣ Искандаров. Ин ҳизб соли 1991 ба қайд гирифта шудааст ва соли 1993 фаъолияташ як бор қатъ шуда буд ва аз соли 1999 дуюмбора боз аз нав ба қайд гирифта шуда, дар айни замон, кори худро пеш бурда истодааст. Мо то оне, ки аз Вазорати адлия мактуб нагирем, ки дар айни ҳол Собиров ба қайд гирифта нашудааст, ҳамчун роҳбар, ман фикр мекунам, ки худи он кас амалан кори худро ба пеш бурдан ҳақ надоранд»

Аммо Масъуд Собиров - раҳбари ҷиноҳи «Ватан» аз Ҳизби демократ бо баргузори як анҷумани фавқуллода раиси ҳизб эълом шуда вале раёсати ӯро ба ин ҳизб Вазорати адлия эътироф накардааст, бо итминон гуфт, ки дар маъракаи интихоботи раёсати ҷумҳурии кишвар ширкат хоҳанд кард ва номзади онҳо низ пешниҳод мешавад.

«Ҳатман бо номзади худ мо иштирок мекунем. Масъалан, ман намегӯям, ки Вазорати адлия биё ба қайд гир, вале Вазорати адлия худаш хулосабарорӣ мекунад, меояд дар анҷуманамон ширкат меварзад, намояндаи масъулаш. Масъулони бахшҳои сохторҳои давлатӣ низ ширкат меварзанд ва бо чашми худ мебинанд, бояд хулосабарорӣ кунанд»

Оқои Собиров, ки қаблан даври дуввуми анҷумани худро ба таърихи 30 моҳи сентябр эълом карда буд, гуфт, замони баргузории қисмати дуввуми анҷуман тағйир карда ва ба рӯзи якшанбеи ҳамин ҳафта муқаррар шудааст.

Аммо анҷумани Ҳизби демократи Тоҷикистон зери раҳбарии раиси дарбанди ин ҳизб Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ҷиҳати пешбарии номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурии кишвар ба рӯзи 24 моҳи равон муайян шудааст.

Ба ин тартиб, бар асоси посухи катбии Вазорати адлияи Тоҷикистон ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ҳамаи ҳашт ҳизби сиёсии кишвар: коммунист, демократ, наҳзати исломӣ, халқӣ-демократӣ, сосиалистҳо, сотсиал-демократ, ислоҳоти иқтисодӣ ва ҳизби кишоварзии Тоҷикистон ҳақ доранд, дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қарор аст, рӯзи 6 ноябр баргузор шавад, ширкат кунанд.
XS
SM
MD
LG