Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ифтитоҳи Осорхонаи Ҳулбук дар Восеъ


Дар мавзеъи Ҳулбуки ноҳияи Восеъ, 25- километрии шаҳри Кӯлоб осорхонаи нав, ки ҳомили беш аз 3.000 нигораи нодири таърихист, ифтитоҳ ёфт.

Юсуфшоҳ Ёқубов, бостоншиноси тоҷик ва як тан аз муҳаққиқини Ҳулбук дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, дар замони Шӯравӣ садҳо гектар мавзеъи Кохи Ҳулбук мавзеъи пунбакор будааст ва мардум ҳини кишту кор аз ин мантақа нигораҳои нодирро дарёб кардаву дар хонаҳо маҳфуз доштаанд. Барои харидории ин нигораҳо 30.000 сомонӣ ҷудо шудааст.

Музаффар Азизӣ, раиси раёсати ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва бозрасии Вазорати фарҳанг дар бастагӣ ба мавзӯъ афзуд, ки ҳаҷми умумии маблағи барои харидории нигораҳои таърихӣ ва ҷиҳози осорхона ҷудошуда аз ҳудудан 290 ҳазор сомонӣ баробар ба 90.000 доллари амрикоиро таъсис дод.

Оқои Азизӣ афзуд, ҳамакнун аз 3000 нигораи таърихӣ, ки дар маъхази Ҳулбук ҳаст, бо иллати набуди витрина ё мизи намоиш танҳо 400 донаи он ба маърази тамошо гузошта шудааст.

Ин дар марвидест, ки бо иллати набуди сохтори замонавии ҳифзи осорхона то ҳанӯз камназиртарин нигораҳо дар Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи Беҳзод маҳфузанд.

Ҳулбук - бузургтарин ва ягона осорхона дар кишвар маҳсуб меравад, ки дар баробари толорҳои намоишӣ дар даҳҳо гектар замин осорхонаи зери осмони кушод ҷой гирифтааст, ки дар таркиби худ коху кушк, фаввораву мадраса, деҳоту гӯристонҳоро шурӯъ аз асри биринҷу даврони Кушониёну Шоҳони Хатлонӣ, то асри муосир гунҷонидааст.
XS
SM
MD
LG