Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сӯхтор дар тарабхонаи туркии "Мерве" дар Душанбе


Мақомоти сӯхторнишонии шаҳри Душанбе мегӯянд, барои тафтиши сабабҳои сӯхтори нисфирӯзи 15 сентябр дар тарабхонаи «Мерве», воқеъ дар шаҳри Душанбе як кумисюни вижа таъсис шудааст.


Тағоймурод Эшзода, сухангӯи ин ниҳод ба сомонаи Озодӣ гуфт, соати 11.30 дар бинои тарабхонаи туркии «Мерве» сӯхтор ба амал омада ва масоҳати 400 метри мураббаъро фаро гирифтааст.


Барои хомӯш кардани он ҳафт адад мошини сӯхторхомӯшкун равона шуда ва сӯхторрро дар тӯли ним соат хомӯш кардаанд.


Ягон нафар зарар надидааст ва бино бар ҳарфи ҷаноби Эшзода, ҳаҷми зарар ҳанӯз дақиқ маълум нест. Ҷаноби Эшзода афзуд, ҳанӯз ягон фарзияеро низ дар мавриди сабабҳои сар задани сӯхтор гуфта наметавонад.
XS
SM
MD
LG