Пайвандҳои дастрасӣ

Мусобиқоти армрестлинги Осиё дар Душанбе оғоз шуд


Рӯзи ҷумъаи 15 сентябр дар толори Сирки давлатии шаҳри Душанбе мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба армрестлинг ё дастхобонӣ оғоз шуд.

Дар панҷумин давраи ин мусобиқот беш аз 250 варзишгар аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбакистон, Эрон ва ғайра то рӯзи якшанбеи 17 сентябр рақобат хоҳанд кард. Муҳаммад Аъзамов, раиси Федеросиюни армспорти Осиё ба Радиои Озодӣ гуфт: «Солҳои ахир дар Тоҷикистон кори тарғибу ташвиқ барои рушди армрестлинг роҳ афтодааст ва Федеросиюни армспорти Тоҷикистон дар ин самт комёбиҳо ба даст овардааст. Варзишгарони тоҷик барандаи ҷоизаҳои мусобиқоти байналмилалӣ ва қитъавӣ гаштаанд. Бинобар ин, Тоҷикистон маҳали баргузории панҷумин давраи мусобиқоти қаҳрамонии Осиё интихоб шудааст.»

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барандагони мусобиқоти байналмилалӣ ва қаҳрамонҳои армрестлинги ин кишвар, ба мисли Амришер Собиров, Сироҷ Азизов, Акмал Қодиров ва Гуландом Халилова дохиланд.

Ва як хабар барои мухлисони футбол. Тими мунтахаби навҷавонони Тоҷикистон дар бозии ниманиҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё миёни бозигарони зери 17-сола дар Сингопур аз тими Куриёи Шимолӣ бо натиҷаи 0 бар 3 шикаст хӯрд.
Дар бозии дигари ниманиҳоӣ тими Ҷопон бар дастаи Сурия бо натиҷаи 2 бар 0 ғалаба кард.
Бад-ин тартиб тими Тоҷикистон ва Сурия байни худ барои ҷойгоҳи севвум рақобат мекунанд. Бозии ниҳоӣ миёни тимҳои Ҷопон ва Куриёи Шимолӣ сурат мегирад. Ҳарду бозӣ рӯзи якшанбеи 17 сентябр баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG