Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин ва Тоҷикистон аз якдигар чӣ таваққӯъ доранд?


Нуралӣ Давлатов, коршиноси сиёсӣ мегӯяд, Чин барои саноаташ ба нафту гази Қазокистону Туркманистон ва барои амнияти миллиаш ба осоиштагии Узбакистону Кирғизистон ва Тоҷикистон зарурат дорад. Оқои Давлатов афзуд, Тоҷикистон, ба ҳайси кишвари калидӣ дар барқарории амнияти Осиёи Марказӣ дар сохтори амнияти миллии Чин нақши умда дорад:

«Чин ҳамеша бар он мекӯшид, ки бо кишварҳои минтақа равобити хуб дошта бошад. Баъди ворид шудани Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба минтақа, хоссатан ба Афғонистон, Чин ҳам нигарон шудааст. Нигаронии Чин аз он аст, ки дар қисмати мусалмоннишини ин кишвар - минтақаи Шинҷон созмонҳои ҷудоихоҳони уйғур фаъолият мекунанд. Онҳо дар фикри созмон додани як кишвари алоҳида аз Чин - Туркистони Шарқиро доранд. Аз ин сабаб, барои Чин муҳим аст, ки бо кишварҳои мусалмоннишин, алалхусус Осиёи Марказӣ ва Покистону Афғонистон муносибатҳои хуб дошта бошад, то ҷудоихоҳони уйғур дар симои онҳо пуштибон пайдо накунанд. Сониян, барои Чин муҳим аст, ки Амрико низ баробари ворид шудан ба минтақа аз ин омил - исломӣ будани уйғурҳои ҷудоихоҳ истифода накунад».

Оқои Давлатов афзуд, Тоҷикистон дар дойираи Созмони ҳамкориҳои Шонҳой метавонад барои ба вуҷуд овардани мувозинати комил миёни қудратҳои ҷаҳониву минтақавӣ дар кишвар даст ёбад.

Исмоил Раҳматов, коршиноси масоили минтақавӣ гуфт, Чин аз пайдо шудани пойгоҳҳои низомии ИМА дар минтақа, хоссатан Афғонистон дар ҳарос аст ва бо роҳҳои дипломатӣ кӯшиш мекунад, садди онҳо гардад. Оқои Раҳматов афзуд, марзҳои 500 - километраи Чин бо Тоҷикистон ва беш аз 1300 - километраи Тоҷикистону Афғонистон аҳамияти Тоҷикистонро барои Чин боло мебарад. Аммо, меафзояд оқои Раҳматов:

«Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мақоми Русия хеле баланд аст, яъне ҳамкорихои низомии Русия бо Тоҷикистон хеле хуб ба роҳ монда шудаанд. Аз ин рӯ, Тоҷикистон бояд бештари кӯшиши худро ба он равона кунад, ки ҳам аз Чину Русия ва ҳам аз Ҳинду кишварҳои дигар барои тақвияти нирӯҳои мусаллаҳаш истифода кунад»

Дар ҳамин ҳол, Рустам Ҳайдаров, коршиноси дигари тоҷик бар он назар аст, ки Чин наметавонад аз Тоҷикистон таваққӯъи зиёд дошта бошад, зеро ба монанди Русияву ИМА натавонистааст элитаи сиёсии худро дар Тоҷикистон ба вуҷуд орад. Вай афзуд, ин омил далели камтаъсирии Чин барои пиёда сохтани манофеъи мушаххасаш дар Тоҷикистон аст. Аз нигоҳи оқои Ҳайдаров, қаробат бо Чин ин гуна хатар дорад:

«Барои Тоҷикистон Чин кишвари бузург аст, ки аҳолиаш зиёд аст. Хатари демографӣ дорад, яъне пахш шудани халқи Хитой дар Тоҷикистон ба вазъи демографии мо таъсири манфӣ мерасонад ва фазои ҳаётии мо аз халқи Хитой пур мешавад. Дар стратегияи миллии Хитой омадааст, ки дар тамоми дунё ҷамъиятҳо, воҳидҳое рӯйи кор оянд, ки аз хитоиҳо вобаста бошанд. Ҳар куҷое корхонаи хитоӣ пайдо мешавад, коргаронаш ҳам хитоиянд, ҷамъиятҳои дӯстӣ, хитоиро ташкил ва нуфузи худро зиёд мекунанд. Дар оянда хориҷ намудани онҳо мушкил мегардад».

Дар ҳамин ҳол, гардиши мол миёни Тоҷикистону Чин, тибқи иттилоъи Вазорати иқтисоди Тоҷикистон, тайи 8 моҳи ахири соли равон ба 85 миллион доллари амрикоӣ расида дар ҳоли афзоиш аст. Коршиносон бар онанд, ки дар марҳалаи кунунӣ, Чин ба кишварҳои Осиёи Марказӣ барои бунёд кардани зерсохторҳои иқтисодиашон мусоидат мекунад, то дар ояндаи начандон дур мисли кишварҳои Аврупову Амрико истеъмолкунандагони моли саноати Чин гарданд.
XS
SM
MD
LG