Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳо ба марги хабарнигори туркман


утоқи хабари Озодӣ Намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо дар умури озодии расонаҳо гуфтааст, ки хабари марги Уғулсафар Муродова, хабарнигори бахши туркмании родю Озодӣ дар боздошт ӯро бисёр андӯҳгин кардааст.

Миклош Ҳарашти дар шаҳри Вйен дар мусоҳиба бо бахши туркмании родю Озодӣ гуфт, ки ин хабар ӯро такон додааст. Вай ҳамчунин аз давлати Туркманистон хост, ки ба шароити марги ин хабарнигор дар зиндон равшанӣ биандозад.

"Ман имрӯз бо мақомоти Туркманистон тамос гирифтам ва аз онҳо хостам, ки таҳқиқи қазияи марги хабарнигорро бо шаффофият анҷом диҳанд ва ҳамаи иттилоъоти марбут ба шароити марги бону Муродоваро бидиҳанд."

Хешовандони Уғулсафар Муродова ба бахши туркмании родю Озодӣ гуфтанд, ки аз даргузашти вай дирӯз тавассути мақомоти амниятӣ огоҳ шудаанд. Яке аз бастагони бону Муродова, ки бо мулоҳизоти амниятӣ аз зикри номаш худдорӣ кард, гуфт, мақомоти амниятӣ бо аъзои хонаводаи Уғулсафар Муродова тамос гирифтанд ва онҳоро ба мурдахона бурданд, то онҳо ҷасади бону Муродоваро шиносоӣ кунанд. Аммо вай афзуд, ки бастагони Уғулсафар Муродова аз имзои санади тархиси ҷасад худдорӣ ва сардхонаро тарк карданд.

Як созмони туркмании мудофеъи ҳуқуқи башар дар табъид мавсум ба Бунёди Туркмании Ҳелсинки дар баёнияе, ки ба родю Озодӣ фиристода, мегӯяд, фарзандони Уғулсафар Муродова рӯи гардани ҷасади модарашон нишонҳое дидаанд ва дар сари он ҳам "захми бузург"-е пайдо будааст. Ҳамин созмон марги бону Муродоваро як "қатли сиёсӣ" унвон мекунад.

Замон ва шароити марги хабарнигор равшан нест. Ҳамчунин маълум нест, ки аз ӯ дар чӣ зиндоне нигаҳдорӣ мешуд.

Ба гуфтаи хешованди Уғулсафар Муродова, мақомоти амниятии ҳозир дар мурдахона ба ӯ итминон додаанд, ки вай бо марги табиъӣ мурдааст ва ҳар навъ бадрафторӣ бо ӯро такзиб карданд. Ин мақомот, ки худро "аъзои артиш" унвон кардаанд, ҳамчунин муддаъӣ буданд, ки бо қазияи боздошти бону Муродова иртиботе надоштаанд ва аз бастагони хабарнигор хостаанд, ки вазорати амнияти миллиро гунаҳкор бидонанд.

Тоҷигул Бегметова, раиси Бунёди Туркмании Ҳелсинки бо ёде аз нигарониҳояш дар пайи боздошти Уғулсафар Муродова мегӯяд:

"Вай як зани фавқулъода солим буд ва ҳич мушкили беҳдоштӣ надошт. Танҳо пас аз боздошташ ва хоста буд, ки барояш дору биёранд. Мо ҳамон замон изҳори шигифтӣ карда будем, ки як фарди солим баногоҳ мушкилоти сиҳҳӣ пайдо кардааст. Акнун ӯ дар қайди ҳаёт нест ва иддаъои мақомот мабнӣ бар ин ки марги вай ношӣ аз мушкилоти беҳдоштӣ будааст, як дурӯғи маҳз хоҳад буд."

Бону Бегмедова мегӯяд, ки бо фарзандони Уғулсафар Муродова пас аз бозгашташон аз сардхона суҳбат кардааст:

"Вақте ки онҳо хостори муъоинаи ҷасад тавассути як пизишки мустақил шуданд, кормандони сардхона онҳоро таҳдид карданд."

Ба гуфтаи бастагони Уғулсафар Муродова, кормандони сафорати Омрико хостори боздид аз ҷасади ӯ шудаанд, аммо кормандони мурдахона ба онҳо иҷозаи ин корро надодаанд. Мақомоти сафорат билофосила дар дастрас набуданд, то дар ин бора изҳори назар кунанд.

Уғулсафар Муродова, ки 58 сол дошт, дар авосити моҳи июн ҳамроҳ бо чанд фаъъоли ҳуқуқи башар боздошт шуд. Мақомот далели боздоштро фавран эълом накарданд.

Дертар Гелдимуҳаммад Ашӯрмуҳаммадов, вазири амнияти миллии Туркманистон, Оннақурбон Амонқиличнв, яке аз боздоштиёнро ба ҳасдастӣ дар чизе, ки тавтеъаи барандозии давлати Сафармурод Ниёзов унвон мешавад, муттаҳам кард.

Ҳар се боздоштӣ ба ҷурми ҳамли ғайримуҷози муҳиммоти ҷангӣ рӯзи 25 август ба шаш то ҳафт сол зиндон маҳкум шуданд. Гурӯҳҳои мудофеъи ҳуқуқи башар гуфтаанд, ки иттиҳомот ҷаълӣ ё сохтагӣ буд. Онҳо ҷаласаи муҳокимаи даҳдақиқаии ҳар се нафарро ба унвони як мазҳакаи адолат маҳкум карда буданд.
XS
SM
MD
LG