Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тақозои мақомоти расонаии Омрико аз Туркманистон


Ҳайъати раисаи суханпарокании Иёлоти Муттаҳидаи Омрико хостори таҳқиқи бедиранг, тамому комил, беғаразона ва шаффофи қазияи марги Уғулсафар Муродова, хабарнигори бахши туркмании родю Урупои Озод родю Озодӣ шуд.


Бону Муродова ахиран дар боздоштгоҳе дар Туркманистон ҷон додааст.


Ҳайъати раисаи суханпарокании Омрико дар як қатънома мегӯяд, ки мақомоти Туркманистон дар таъмини Уғулсафар Муродова бо мувозибати пизишкии мавриди ниёзи ӯ кӯтоҳӣ кардаанд. Мақомоти амниятии Туркманистон иддаъо кардаанд, ки марги бону Муродова ангезаҳои табиъӣ доштааст, аммо мудофеъони ҳуқуқи башар ва бастагони вай мегӯянд, ки мумкин аст ӯро кушта бошанд.

Уғулсафар Муродова, ки 58 сол дошт, дар авосити моҳи июн ҳамроҳ бо чанд фаъъоли ҳуқуқи башар боздошт шуд.
XS
SM
MD
LG