Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комиссияи марказии интихобот: Эътимод ва адами эътимод ба он


Феълан, комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон 15 узв дорад ва фаъолияти ин комиссия аз буҷаи кишвар сармоягузорӣ мешавад. Муҳибулло Додоҷонов, раиси дастгоҳи комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯяд, дар он намояндагони бештарини аҳзоби сиёсии кишвар шомиланд ва дар фаъолияти шаффофи он саҳм доранд. Ӯ мисол овард, ки дар комиссияи феълӣ Наимова Вера аз Ҳизби коммунист, Ҳасанов Кенҷа аз Ҳизби халқӣ- демократӣ, Шодмонбеков Юсуфбек аз вилояти Бадахшон, аз Ҳизби демократ, Маҳмудов Ҷамолиддин аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон фаъолбият мекунанд. Оқои Додоҷонв мегӯяд, чунин ҳайъат шаффофият дар комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсиро таъмин мекунад.

Раҳматулло Зоиров, ҳуқуқшиноси тоҷик ва раиси Ҳизби сотсиал - демократи Тоҷикистон ҳаққи пешниҳод кардани аъзои комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар аз сӯи раиси ҷумҳурро комилан қабул надорад ва мегӯяд, ин хилофи Қонуни асосии кишвар ва меъёрҳои байналмилалии баргузории интихоботи шаффофу демократӣ мебошад. Ӯ мегӯяд:

«Агар як қисми аъзои комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсиро аҳзоб, як қисмро парлумон, як қисмро дигар сохторҳо пешниҳод мекарданд, бевосита ба ҳокимияти иҷроия вобаста намешуд. Масалан, дар Русия ба ин комиссия Владимир Путин ҳаққи панҷ нафар пешниҳод карданро дорад, даҳ нафари дигарро дигар мақомот пешниҳод мекунанд. Ва ин коммиссия аллакай аз рӯи пешниҳод як мувозинат пайдо мекунад.
Вале аъзои комиссияи интихобот ва раъйпурсии моро комилан раиси ҷумҳур пешниҳод мекунад ва ҳар касеро хоҳад пешниҳод мекунад. Ин хилофи Қонуни асосӣ ва меъёрҳои байналмилалӣ аст. Дар моддаи 64 Қонуни асосӣ омадааст, ки раиси ҷумҳур ҳомии Сарқонун ва кафили баробарҳуқуқии инсон ва аҳзоби сиёсӣ, баробарҳуқуқии ҳамаи мақомот аст. Агар президент кафили баробарҳуқуқӣ бошад, бояд дар мавриди пешниҳоди номзадҳо ба ин комиссиюн бо аҳзоб маслиҳат кунад ва дар асоси баробарӣ ба онҳо низ имкони пешниҳоди номзадҳо ба ин мақомро диҳад.»


Оқои Зоиров меафзояд, аз ин рӯ, дар комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ аксарият ва ҳамчунин раҳбарияти он узви Ҳизби халқӣ - демократӣ мебошанд, ки дар ҳар сурат аз манфиатҳо ва номзади ин ҳизб дар комиссия ва интихоботҳо пуштибонӣ мекунанд.

Ва дар тақвияти фикри оқои Зоиров, Ҳикматулло Сайфуллозода, раиси маркази таҳлилии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва узви собиқи комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар мегӯяд, аслан, намояндагони аҳзоби сиёсии кишвар дар комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, ки то соли 2005 фаъолият дошт, дар асоси созишномаи истиқрори сулҳ ҳузур доштанд ва 25 дарсади аъзои ин комиссиюнро ташкил мекарданд.

Вале дар ҳайати комиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ, ки соли 2005 аз сӯи раиси ҷумҳур пешниҳодшуда буд ва фаъол аст, ин талабот сарфи назар гашт. Ва ҳамзамон, меафзояд ӯ, аъзои ин комиссиюн аслан ҷиҳати баргузории интихоботи раёсати ҷумҳур бояд аз сӯи президенти кишвар пешниҳод нашавад, зеро дар ин ҳолат фаъолияти мунсифонаи ин комиссиюн зери суол қарор мегирад:

«Вақте ки комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар таъсиси комиссияҳои поёнии интихобот, комиссияҳои ҳавзавӣ ва қитъавӣ мустақим даст надорад, намешавад гуфт, ки ин комиссюни марказӣ ҳокими мутлақи баргузорӣ ва натиҷагириҳои интихобот дар ниҳодҳои поёнии худ аст. Ҳамаи ин комиссиюнҳои поёнӣ аз сӯи ҳукуматҳои маҳаллӣ таъсис мешавад, комиссиюнҳои ҳавзавӣ аз сӯи ҳукуматҳои маҳаллӣ ба комиссиюни марказӣ пешниҳодмекунад ва дар таъсиси комиссиюнҳои қитъавӣ комилан ин ҳукуматҳо даст доранд.»

Вале дар ҳамин ҳол Муҳибулло Додоҷонов ин ақидаро, ки комиссиюнҳои ҳавзавӣ ва қитъавӣ комилан зери назорати ҳукуматҳои маҳаллӣ қарор дорад, бепоя мехонад:

«Чунки аҳзоби сиёсӣ феҳрасти номзадҳои худ барои узвият дар комиссюниҳои ҳавзавӣ ва участкавиро ҳам ба ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ҳам барои мо пешниҳод мекунанд. Ва мо назорат мебарем, ки ин намояндаҳои онҳо дар комиссиюнҳои поёнии интихобот шомил шаванд. Агар дар маҷмӯъ бигирем миёни шӯъбаҳои ибтидоиву марказии аҳзоб робитаи қавӣ нест, зеро созмони ибтидоӣ як нафара пешниҳод мекунад, идораи марказии ҳизб дигар касро.»

Ин дар ҳолест, ки Нуралӣ Давлатов, коршиноси тоҷик мегӯяд, бо иллати он ки бештарини аҳзоби сиёсии Тоҷикистон, ба ҷуз Ҳизби халқӣ демократӣ ва Ҳизби наҳзати исломӣ ҳамчун ҳизб комилан ташаккул наёфтаанд ва аслан дар манотиқ нуфузи зиёде надоранд, барои ҳукуматҳои маҳаллӣ имкони бештари таъсиррасонӣ дар фаъолияти комиссияҳои ҳавзавии интихоботӣ фароҳам аст. Ва ба гуфтаи ӯ, ин таъсиррасонӣ дар тақаллубкориҳои ҷараёни интихобот зоҳир мешавад, ки нозирони байналмилаӣ дар интихоботҳои қаблӣ аз ин қонуншиканиҳо изҳори нигаронӣ карда буданд.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ҳамчунин дар мавриди баргузории интихоботҳо илова ба талаботи Қонуни интихоботҳои маҷлиси олӣ ва раиси ҷумҳур баъзе нуктаҳои дар ин қавонун зикрнашударо дар асоси қарорҳои худ ба тасвиб мерасонад. Ва намояндагони аҳзоб бо манзури ин, дархост доранд, ҷиҳати ба танзим даровардани фаъолияти комиссия бояд қонуни вижае ба тасвиб расад, ки ҳама нукоти фаъолияти он дар мавриди баргузории интихоботҳо ва раъйпурсиро фаро гирад.
XS
SM
MD
LG