Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамринҳои низомии муштараки Тоҷикистону Чин


Барои нахустин бор нирӯҳои низомии Тоҷикистону Чин дар як тамрингоҳи низомӣ дар қаламрави Тоҷикистон доир намудани амалиёти ҷангии зидди террорро муштаракан тамрин мекунанд. Вазорати дифоъи Тоҷикистон мегӯяд, дар ин тамринҳо, ки аз 21 то 23 сентябр дар тамрингоҳи Номирак, воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон баргузор мешаванд, нерӯҳои низомӣ ва ҳавоии Тоҷикистон ва гурӯҳи вижаамали артиши Чин ширкат мекунад.


Тамринҳо дар ду давр мегузаранд. Дар даври аввал, раванди омодагӣ ва ҳамкории нерӯҳои низомии ду кишвар тамрин хоҳад шуд. Дар даври ниҳоӣ бо истифодаи аслиҳаи ҷангӣ низомиёни Тоҷикистону Чин амалиёти муштарак барои нобуд сохтани гурӯҳҳои террористӣ мегузаронанд.


Тамринҳо дар чаҳорчӯбаи Санади Шонҳой дар мавриди муборизаи муштарак бо терроризм, ҷудоихоҳӣ ва экстремизм баргузор мешаванд. Ҳадафи аслии ин тамринҳо боло бурдани омодагии ҳарбӣ ва ҳамоҳангии низомиёни Тоикистону Чин дар баргузории амалиёти зиддитеррористӣ унвон шудааст.
XS
SM
MD
LG