Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақоми захмии Бонки Марказии Русия ҷон дод


Андрей Козлов - муъовини аввали Бонки Марказии Русия, ки тавассути ду фарди муҳоҷим аз ноҳияи сар ба зарби гулӯла захмӣ шуда буд, дар бемористон ҷон дод. Ин ҳодиса шаби чаҳоршанбе (13 сентябр) иттифоқ уфтод.


Ба гуфтаи Светлана Петренко, сухангӯи додситонии Маскав, Андрей Козлов дар ҳолати буҳронӣ ба бемористон мунтақил шуда буд. Бино ба гузоришҳо, ронандаи оқои Козлов тавассути ду муҳоҷим дар ҷо кушта шуд. Ҳар ду фарди муҳоҷим аз маҳалли ҳодиса фирор кардаанд.


Хабаргузории Интерфакс ба нақл аз манобеъи наздик ба муҷриёни таҳқиқот менависад, ки зоҳиран ин ҳамла як сӯъиқасди супоришӣ будааст. Ҳамла ба оқои Козлов, ки 41 сол дорад, замоне сурат гирифт, ки вай барои тамошои бозии футбол ба як варзишгоҳ наздик мешуд.


Пештар Бонки Марказии Русия зери назари Андрей Козлов муҷаввизи фаъъолияти шумори зиёде аз бонкҳоро ба занни ҳамдастии онҳо дар пулшӯӣ лағв карда буд.
XS
SM
MD
LG