Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аҳмадинажод: "Гуфтугӯ роҳи ҳал аст"


Маҳмуд Аҳмадинажод, раисиҷумҳурии Эрон, имрӯз гуфт, ки ихтилофоти ҳастаии Эрон бо Ғарбро метавон аз роҳи гуфтугӯ ҳаллу фасл кард.


Вай дар ҷараёни дидор аз Сенегол, дар ғарби Офриқо гуфт, ки Эрон омодаи пазириши "шароити тоза" дар мавриди барномаи ҳастаиаш аст, аммо аз ҷузъиёти ин шароит чизе нагуфт. Вале вай изҳори тардид кард, ки Созмони Милали Муттаҳид Иронро ба хотири адами таълиқи ғанисозии урониюм бо эъмоли таҳримҳо танбеҳ кунад ва афзуд, ки барои эъмоли таҳримҳо "далеле вуҷуд надорад."


Аммо ба гуфтаи Кондолиза Райс, вазири хориҷаи Омрико, иллати таъхир дар баргузории нишасти миёни Эрон ва Иттиҳодияи Урупо метавонад ин бошад, ки Эрон ба пазируфтани тақозои ҷомеъаи байнулмилалӣ мабнӣ бар таълиқи ғанисозии урониюм алоқаманд нест.


Бону Райс пас аз эъломи ин хабари деркард дар баргузории нишасти Ҳавиер Солана, масъули сиёсатҳои хориҷии Иттиҳодияи Урупо ва Алии Лориҷонӣ, музокиракунандаи ҳастаии аршади Ирон ин суханонро ирод кард.


Қарор буд ин гуфтушунуд рӯзи панҷшанбе (14 сентябр) дар шаҳри Порис баргузор шавад. Мақомот гуфтанд, ки ба ҷои онҳо дастёрони оқоён Солана ва Лориҷонӣ имрӯз дар бораи барномаи ҳастаии Ирон ба музокира хоҳанд нишаст.
XS
SM
MD
LG