Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки нав барои тақвияти ниҳодҳои интизомӣ


Амрико барои тақвияти ниҳодҳои интизомӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ҳудуди 6 миллион доллари дигар кӯмак мекунад. Созишнома дар ин мавридро рӯз чаҳоршанбе сафири тозатаъйини Амрико хонум Трейси Якобсон ва вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Талбак Назаров дар пойтахти ин кишвар имзо карданд. Ин маблағ илова бар 32 миллион доллари дигар аст, ки Амрикоро барои тақвияти ниҳодҳои интизомӣ ба Тоҷикистон дода буд.


Бино ба иттилоъи сафорати Амрико дар Душанбе, маблағи мазкур барои ташкили давраҳои омӯзишӣ, харидории таҷҳизот, афзоиш додани маоши кормандони мақомоти интизомӣ масраф хоҳад шуд. Қисме аз он ҳамчунин барои бунёди як пойгоҳи тирандозӣ масраф мешудааст.


Сафорат мегӯяд, ҳамчунин аз ин ҳисоб як ҳуқуқдон ба ҳайси мушовир даъват мешавад, ки ба мақомоти интизомии Тоҷикистон барои таҳқиқи ҷиноятҳои гурӯҳҳои созмонёфта ва фароминтақаӣ кӯмак хоҳад кард.
Ҳукумати Амрико ибрози умедворӣ кардааст, ки бо ин кӯмак дар тақвияти кори нирӯҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, дар роҳи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва терроризм ва мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта мусоидат мекунад.
XS
SM
MD
LG