Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи омилони ҳамлаи пурсарусадои Қайроқум


Додгоҳи низомии Суғд бозбинии парвандаи ҷиноии 6 нафар ду ғайринизомӣ ва чаҳор низомиро бо иттиҳоми мусоидат ба ҳамла ба боздоштгоҳи муваққати Қайроқум дар авохири моҳи январи соли равон анҷом дод.
Муслим Худойбердиев, додраси додгоҳ ва раиси мурофиаи парванда гуфт, ки ду сокини ноҳияи Исфара - Хуршед Ғаниев ва Одил Валиев барои кӯмак ба ҳамлаварон ба боздоштгоҳи муваққат гунаҳкор дониста шуда, ба ҳафтуним ва панҷуним соли зиндон маҳкум шуданд:


«Ғаниев Хуршед ва Валиев Одил барои ҳамла ба боздоштгоҳи Қайроқум ва фирор кардани маҳбус - Фатҳулло Раҳимов мусоидат кардаанд. Онҳо аз Дилшод Раҳимов (бародари Фатҳулло Раҳимов) маълумотро гирифта, ба ҳаммаслакони ӯ, яъне ҳамлаварон мерасонанд.»


Додрас Худойбердиев афзуд, як милисаи навбатдор дар боздоштгоҳи Қайроқум, ки бар ивази ришва ҳамлакунандагонро ба дохили маҳбас роҳ додааст, ба 7 соли зиндон маҳкум шуд. Ду милисаи дигар ва як низомӣ, ки барои саҳлангорӣ дар иҷрои вазифа дар курсиҳои муттаҳамин менишастанд, аз сӯи додгоҳ бо татбиқи Қонуни афв озод карда шуданд.


Нафарони маҳкумшуда Хуршед Ғаниев ва Одил Валиев яке - додарарӯс ва дигарӣ - ҳамсинфи Фатҳулло Раҳимов мебошанд. Салима Ғаниева - модари Хуршед Ғаниев ҳукми додгоҳро номунсифона хонд: «Ӯро маҷбур карда гуфтанд, ки ту ёрдам кардӣ (ба ҳамлаварони боздоштгоҳ), ин гуноҳро маҷбуран ба гарданаш бор кардаанд. Аммо фарзанди ман ягон гуноҳ накардааст.»


Ҳамла ба боздоштгоҳи муваққати Қайроқум 25 – уми январи соли равон аз сӯи як гурӯҳи мусаллаҳ бо куштори сарвари боздоштгоҳ ва фирори маҳбус Фатҳулло Раҳимов, сокини ноҳияи Исфара, ки бо иттиҳоми иртибот бо Ҳаракати исломии Узбакистон дар ин боздоштгоҳ нигаҳ дошта мешуд, анҷом ёфта буд.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG