Пайвандҳои дастрасӣ

"Зарафшон" тавлиди зарро афзоиш медиҳад


Панҷакат Кашфи конҳои ҷадид ва насби таҷҳизоти замонавӣ ба корхонаи муштараки Тоҷикистону Бритониё "Зарафшон Голд Компани" воқеъ дар ноҳияи Панҷакат имкон додааст, ки истихроҷи маъдани тиллоро си дар сад ва маоши кормандонро як маротиба афзоиш диҳад.

Бобоҷон Бобохонов муовини аввали мудири кулли корхона ба Радиои Озодӣ гуфт, дарёфти манбаъҳои нави сармоягузорӣ ва кашфи конҳои наву технологияҳои ҷадид омили афзоиши истихроҷи маъдан ва ҷалби кормандони нав шудааст:


"Иқтидори коркарди маъдан дар як сол 250 ҳазор тонна буд, аммо баъди муҷаҳҳаз шудани коргоҳи заршӯӣ, дар як шаб дар як хат 750 ҳазор тонна бароварда шуд. Имрӯз бошад дар корхона то як миллиону ҳаштсад ҳазор тонна маъдан коркард мешавад."


Ба гуфтаи Бобоҷон Бобохонов, дар ҳашт моҳи соли равон истифодаи усулҳои нави коркарди маъдани тилло имкон додааст, ки беш аз сеюним миллион тонна хокаи зар истеҳсол шавад, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30 дар сад зиёд будааст.

Шариф Мирзоев, яке аз коргарони корхонаи муштараки Тоҷикистону Бритониё бо ибрози хушҳолӣ аз афзоиш додани музди корашон гуфт:


"Пештар агар мо 200-240 сомонӣ маош мегирифтем, ҳоло бошад, аз 400 то 450 сомонӣ музд мегирем."


Ин дар ҳолест, ки ба иттилои Бобоҷон Бобохонов, барои боз ҳаф афзудани коркарди маъдани тилло, онҳо қасд доранд, то охири соли равон як дастгоҳи нави озмоиширо барои кор омода кунанд. Ба гуфтаи ӯ, бо истифода аз дастгоҳи нав метавон таркиби маъданро ба таври билоҷӣ ғанитар кард ва истеҳсоли тиллоро дар як сол то ба як тоннаи дигар бештар кард.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG