Пайвандҳои дастрасӣ

Изҳороти расмӣ доир ба беназмиҳо дар Душанбе


ФХ

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон бо пахши як изҳорот созмондиҳандагони консерти овозхони иронӣ Орашро дар бетартибиҳои якшанбеи гузашта дар Душанбе муттаҳам кард.


Худойназар Асозода, сухангӯи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гуфт, созмондиҳандагон сокинони пойтахтро тавассути расонаҳо ба консерт даъват намуда, эълом доштанд, ки он хайриявист. Оқои Асозода афзуд, дар ҳоле, ки варзишгоҳ зарфияти ғунҷоиши 25 ҳазор нафарро дорад, теъдоди ҳозирин се маротиба зиёд буд.


Сухангӯи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон афзуд, созмондиҳандагон ба ҷои консерти Ораш баромади овозхонони дигарро ба роҳ монданд, ки боиси норозигии тамошобинон гардид. Аммо, афзуд оқои Асозода, косаи сабри тамошобинон баъди узри худи овозхон Ораш лабрез шуд ва онҳо даст ба бетартибиҳо заданд. Ҷаноби Асозода ҳамчунин гуфт, «Созмондиҳандагон баргузории консертро бо вазорати умури дохила ва бо раёсати умури дохилаи шаҳри Душанбе мувофиқа накарда буданд.»


Сухангӯи вазорат ахбори расонаҳои хабарӣ дар мавриди баргузории гирдиҳамоиҳо, бетартибиҳои оммавӣ ва ғоратгариҳоро такзиб кард. Вай афзуд, баъди хориҷ шудан аз варзишгоҳ миёни ронандагони кӯча ва ҷавонони авбош ихтилоф ба амал омад. Тибқи иттилоъи вазорати умури дохила, бар асари сангандозиҳои ҷавонони авбош шишаҳои нӯҳ сабукрав шикаста, 15 ширкаткунандаи бетартибиҳо боздошт шудаанд. Захмӣ ва кушташудагон нестанд.


Созмондиҳандаи консерти Ораш дар варзишгоҳи Душанбе ҳукумати Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии радио ва телевизиони ин кишвар буд.
Фарҳоди Милод, Душанбе
XS
SM
MD
LG