Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори раиси ҷумҳур бо дабири иҷроияи Созмони Шонҳой


Чжан Дэгуан, дабири иҷроияи Созмони ҳамкориҳои Шонҳой вазъи сиёсии Тоҷикистонро ором арзбӣ намуд ва гуфт, суббот дар Тоҷикистон барои минтақа аҳамияти вижа дорад.


Ҷаноби Дэгуан, ки субҳи имрӯз (13 сентябр) баъд аз як дидор бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар шаҳри Душанбе бо хабарнигорон сӯҳбат орост, гуфт, дар мулоқоташ бо президент Раҳмонов масоиле марбут ба рушди ҳамкориҳо дар доираи Созмони Шонҳой баррасӣ шудааст.


Ӯ афзуд, дар ин мулоқот ҳамчунин барномаи кории ҷаласаи навбатии сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонҳой, ки рӯзи 15 сентябр дар Душанбе доир мегардад, матраҳ будааст. Бино бар қавли ҷаноби Дэгуан, дар ҳамоиши мазкур қарор аст, татбиқи масоили ҳамкориҳо оид ба рушди иқтисод, мухобирот, нақлиёт, энержӣ, ҳифзи муҳити зист ва маориф баррасӣ бишавад.
Сафаргул Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG