Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши Кохи Сафед ба ҳамла ба сафорати Омрико дар Димишқ


То кунун касе ё ҳич гурӯҳе масъулияти ҳамла ба сохтмони сафорати Омрико дар Сурияро ба дӯш нагирифтааст. Ба гуфтаи вазорати хориҷаи Омрико, яке аз муҳоҷимон, ки дар ҷараёни ҳамлаи рӯзи 12 сентябр дар Димишқ боздошт шуд, дар ҳоли ироаи иттилоъот ба мақомоти сурӣ аст.


Дирӯз мардони мусаллаҳ бо туфангҳои худкор, норинҷакҳои дастӣ ва дастикам як худрав (мошин)-и анбошта аз маводди мунфаҷира талош карданд ба сохтмони сафорати Омрико дар Димишқ, пойтахти Сурия юриш бибаранд.


Гузориш шудааст, ки дар ҷараёни ин ҳодиса се фарди муҳоҷим ва як афсари амниятии Сурия кушта шудаанд. Муҳоҷими чаҳорум захмӣ шуд ва як диплумоти чинӣ ҷароҳати сабуке бардошт. Ҳич шаҳрванди Омрико дар ин ҳодиса осеб надидааст. Бассом Абдулмаҷид, вазири дохилаи Сурия, ин ҳодисаро як ҳамлаи теруристӣ унвон кард:


"Ба вузӯҳ маълум буд, ки ин як ҳамлаи теруристӣ ба сафорати Омрикост. Як гурӯҳи теруристӣ ин ҳамларо анҷом дод, аммо ҳуввияти он ҳанӯз равшан нашудааст. Муҳоҷиме, ки захмӣ шуд, акнун дар боздошт аст. Таҳқиқи ҳодиса шояд иттилоъоти бештареро ошкор кунад."


Кондолиза Райс, вазири хориҷаи Омрико, дар ҳоли дидор аз Конодо гуфт, ки Иёлоти Муттаҳидаи Омрико ба Сурия ҷиҳати вокунишаш ба ин ҳамла сипосгузор аст. Вай ҳамчунин гуфт, ки ҳанӯз равшан нест чи касе масъули ин ҳамла будааст.
XS
SM
MD
LG