Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷустуҷӯи масъулони ҳамла дар Диёрбакри Туркия


Пулиси Туркия ҷустуҷӯи масъулони бумбгузории шомгоҳи 12 сентябр дар шаҳри Диёрбакр, дар ҷануби шарқи ин кишварро оғоз кардааст. Гузориш шудааст, ки дар он ҳамла дастикам 7 нафар кушта ва 17 тани дигар захмӣ шудаанд. Бино ба гузориши расонаҳои Туркия, дар миёни қурбониёни бумбгузорӣ панҷ кӯдак низ будаанд.


Диёрбакр бузургтарин шаҳри ҷануби шарқи Туркия аст, ки умдатан курднишин аст.


Касе ё ҳич гурӯҳе бедиранг масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст. Тайи чанд ҳафтаи ахир чандин инфиҷор шаҳрҳои мухталифи Туркияро ларзондааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG