Пайвандҳои дастрасӣ

Сабқати гоз миёни Русияву Чин?


Ҳанӯз соли 2003 Туркманистон ва Русия қарордоди 25-солаи гозро ба қимати 300 миллиард доллар имзо карда буданд.

Аз он замон то кунун муносиботи ду ҷониб чандон ҳамвор набуданд. Туркманистон борҳо кӯшиш кард ва муваффақ ҳам шуд, ки гази худро ба Русия бо нархи баландтар ва баландтар фурӯшад. Масалан, соли 2003 Маскав барои як ҳазор метри кубӣ газ 44 доллар мепардохт. Баъдтар Ишқобод ин нархро ба 65 доллар расонид. Соли ҷорӣ раиси ҷумҳурии Турманистон Сафармурод Ниёзов изҳор кард, ки қимати газро мехоҳад ба 100 доллар боло барад. Ҳафтаи гузашта раиси ширкати Газпроми Русия ва президенти Туркманистон қарордоди навро бо иҷрои шартҳои гузаштаи Туркманистон имзо карданд.

Таҳлилгарон ишора кардаанд, ки ин нархи нав мушкили Укроин хоҳад шуд. Зеро Русия баъди пардохтани нархи баланд ба Туркманистон қимати гази худро ба Укроин боло мебарад. Вале ба навиштаи таҳлилгари Радиои Озодӣ Даниел Кимиҷ, аз лиҳози сиёсӣ Русия ҳоло зиёд ҷонибдорӣ фишоргузорӣ бар Укроин нест. Зеро моҳи август сиёсатмадори ҷонибдори Маскав Виктор Янукович ба мақоми сарвазирии Укроин расид ва гаронтар шудани нархи газ ба ҳукумати Янукович фишор меоварад.

Таҳлилгарон мегӯянд, Русия ба ҳар сурат ба гози Туркманистон зарурат дорад ва аз ин сабаб, бояд ба истилоҳ нози Ишқободро бардорад. Як сабаби зарурати Русия ин аст, ки гози воридкардаашро бо нархҳои болотар дубора ба хориҷ мефурӯшад.

Сабаби дуввум, ба гуфтаи таҳлилгар Даниел Кимиҷ, сабаби сиёсӣ, яъне ҳамон мусобиқа бо Чин аст. Моҳи апрел Ашқобод ва Пекин қарордод имзо карданд, ки то соли 2009 хатти лӯлаҳои гозро ба тӯли ҳафт ҳазор километр ва ба маблағи даҳ миллиард доллар бунёд мекунанд. Аз он вақт то кунун ҳайатҳои расмии Чин борҳо барои баррасии ҷузиёти ин барнома ба Туркманистон сафар карданд.

Вале шояд ин ҷо як нукта боиси оромии хотири Маскав шавад, ки ҳанӯз макони ин шабакаи гоз дақиқ нашудааст. Гузашта аз он мутахассисон бо дар назардошти мушкилоти ҷуғрофӣ ва молии ин тарҳ ба татбиқи он шубҳа доранд.

Раиси ҷумҳурии Туркманистон Сафармурод Ниёзов ҳангоми мулоқот раиси Газпромро то ҷое итминон дод, ки кишвари вай фурӯши гозро ба Русия идома медиҳад. Ниёзов овозаҳоро дар мавриди он, ки Туркманистон дар фикри шабакаҳои газ тавассути баҳри Хазар ва Афғонистон аст, рад намуд. Вале ӯ мавриди бунёди шабакаи газ бо Чин чизе нагуфт.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG