Пайвандҳои дастрасӣ

"Билайн" дар Тоҷикистон: "Пешсаф пирӯз мегардад"


Зимни маросими муаррифӣ, Игор Пилюкин - раҳбари кулли ширкати «Таком» гуфт, насби дастгоҳу таҷҳизоти шабакаи «Билайн» дар ҳашт моҳ анҷом шуд ва имрӯз дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ фаъол гашт:

«Барои чӣ мо ва ҳам «Билайн» ба Тоҷикистон таваҷҷӯҳ зоҳир кардем. Нахуст ин бозори ояндадор аст. Тоҷикистон барои рушди ширкати «Вимпелком» яке аз манотиқи аслӣ дар Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ мебошад. Сатҳи зиндагии мардум ва саноати кишвар боло меравад. Воқеан, Тоҷикистон пас аз ҷанги шаҳрвандӣ қомат рост мекунад ва дар ҳафт соли ахир дар ин кишвар таҳаввулотҳои ҷиддӣ ба амал омдааст.»

Ӯ ҳамчунин афзуд, қарор аст, 16 сентябр дар вилояти Хатлон, 23 сентябр дар вилояти Суғд ва ибтидои соли 2007 дар Бадахшон шабакаҳои «Билайн» ба фаъолият шурӯъ кунанд.

Дар ҳамин ҳол, Сергей Авдеев, раиси бахши фаннии ширкати «Вимпелком» бартарии аслии «Билайн» дар Тоҷикистонро сатҳи нави хизматрасонӣ ба муштариён ном бурд. Ба гуфтаи ӯ, ин бартарӣ дар таруфаҳои сониягӣ аз лаҳзаи аввали гуфтугӯ ва лағв шудани ҳаққи моҳонаи пардохти муштарӣ зоҳир мешавад. Оқои Авдеев ҳамчунин афзуд, бо истифода аз хизмати «Билайн» муштариён имкон доранд, муфассал аз суратҳисоби худ огаҳ шаванд, рақами телефон ва симкортҳояшонро бо арқоми сабтшуда иваз намоянд, аз имтиёзи роуминг ва онлайн - роуминг дар Русия истифода баранд.

Ӯ дар мавриди рақобат бо дигар ширкатҳои мухобиротӣ дар бозори мухобиротии Тоҷикистон гуфт, рақобат ба мисли пойгаҳи варзишӣ хоҳад буд, на майдони набарди низомӣ. «Ҳар нафар, ки пешсаф бошад, пирӯз мегардад.»

Ширкати «Таком», аз ҷумлаи ширкатҳои мухобиротии Тоҷикистон аст, ки шаст дарсади саҳмияҳои онро ширкати «Вимпел» - дуввумин ширкати бузургтарини мухобиротии Русия харидорӣ кардааст. То шурӯъи фаъолияти хизматрасонии «Билайн», ширкати «Таком» ҳудуди 10 ҳазор муштарӣ дошт.
XS
SM
MD
LG