Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Текебоевро кӣ "сиёҳ" карда буд?


Муовини раиси фурӯдгоҳи Манас, воқеъ дар наздикии Бишкек, пойтахти Қирғизистон дар бораи эҳтимоли дар қазияи беобрӯ кардани раҳбари мухолифин Омурбек Текебоев даст доштани бародари хурдии президент Қурмонбек Боқиев изҳори гумон кардааст. Нодир Маъмуров мегӯяд, ӯ аз муовини раиси Хадамоти амнияти миллии Қирғизистон Ҷонибек Боқиев дастур гирифта буд, ки пеш аз савори ҳавпаймо шудани Текебоев бағочи ӯро дар як хонаи баста нигоҳ доранд.

Текебоев баъдан дар Варшава, пойтахти Полша бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир боздошт шуд. Пулис аз ҷомадони ӯ наздики 600 грамм ҳероин кашф карда буд. Вале баъдан як додгоҳ дар Полша раиси собиқи парлумони Қирғизистонро аз боздошт раҳо кард.

Омурбек Текебоев ахиран ба Бишкек баргашт ва қарор аст, тарафдорони мухолифин ба нишони ҳимоят аз ӯ дар пойтахт як раҳпаймоӣ ташкил диҳанд.
XS
SM
MD
LG