Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳсҳо перомуни қонуни интихоботи раиси ҷумҳурӣ


Ташкили комиссияҳои интихоботӣ бо ширкати мусовии намояндагони аҳзоби сиёсӣ, ширкати нозирони байналмилалӣ ва ба дастраси нозирон қарор додани нусхаи протоколи натиҷаи интихобот аз нукоти умдаи ин пешниҳодот будааст, ки ба эътиқоди бештари коршиносон ва масъулини аҳзоби сиёсӣ пазируфта шудани онҳо заминаи ҳуқуқии баргузории як интихоботи шаффофу мунсифона дар Тоҷикистонро фароҳам мекард.

Раҳматулло Зоиров - раиси Ҳизби сотсиал-демократ ва аз коршиносони риштаи ҳуқуқи конститутсионӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, қонуни интихоботи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадди ақал дар бист маврид бо Қонуни асосии ин кишвар муғойират дорад. Оқои Зоиров афзуд ,ки қонуни мазкур асосан бо дарназардошти манофеи доираи ҳукмрони имрӯзи кишвар таҳия шуда ва шароити ширкати аҳзоби дигари сиёсии кишвар дар интихоботро ба сифр баробар кардааст:

«Қонун дар бораи интихоботи президенти Тоҷикистон ба Қонуни асосӣ ва ба стондортҳои байналмилалӣ мувофиқат намекунад. Як принсипи асосии гузаронидани интихоботҳо дар асоси ҳуқуқи байналмиллалӣ - ин новобаста будани гузаронидани интихобот аз ҳокимияти давлатӣ, аз ҳокимияти иҷроия мебошад. Аъзои комиссияи марказии интихобот аз сӯи президент пешниҳод мешавад. Дар ин ҷо мувозинат вуҷуд надорад. Понздаҳ узви комиссияи марказии интихоботро танҳо президент пешниҳод мекунад. Ва киро хоҳад ҳамонро пешниҳод мекунад. Ин ҳам ба Қонуни асосӣ ва ҳам ба меъёрҳои байналмилалӣ зид аст.»

Раҳматулло Зоиров афзуд, дар ҳоле, ки комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ - ниҳоде, ки ҳамаи ҷараёноти ташкилӣ, баргузорӣ ва натоиҷи интихоботро ба ӯҳда дорад, аз сӯи раиси ҷумҳурӣ созмон дода мешавад ва он комилан зери назорати мақомоти иҷроия фаъолият мекунад, баргузории як интихоботи шаффоф ва мутобиқ бо мавозини байналмилалӣ ғайриимкон аст.

Ин нуктаро Ҳикматулло Сайфуллозода - корманди маркази таҳлилии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва аз аъзои собиқи комиссияи марказии интихобот ва ҳамапурсӣ низ таъкид кард, ки дар Қонуни интихоботи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои пазируфташудаи байналмилалӣ, аз ҷумла, истиқлолияти комиссияи марказии интихобот муроот нашудааст:

«Ин қонунро агар дар шаффофият бо қонуни интихоботи парлумон нисбат дихем, хеле дар сатҳи паст қарор дорад. Агар дар он қонун як гуна пешравиҳое ба чашм расид, вале дар ин қонун агар тағйирот ҳам ворид карданд, танҳо як чиз - он ҳам хилофи конститутсия аст, аз ҷумла, фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ аз боло то поён. Аз комиссияи марказии интихобот шурӯъ карда то комиссияи ҳавзавӣ. Воқеъият ин аст, ки ҳар дастуре, ки ҳаст берун аз чорчӯбаи комиссияи марказии интихобот тавассути Дастгоҳи президент ворид мешавад ба Комиссияи марказии интихобот ва инҳо баъд мегӯянд, ки гуё инро мо таҳия кардем, аммо Комиссияи марказии интихобот худаш аз пеши худаш ҳеҷ чизе ҳам намекунад.»

Ба гуфтаи оқои Сайфуллозода, тӯли 15 соли истиқлолият, ки борҳо интихоботи порлумонӣ ва раёсати ҷумҳурӣ дар кишвар доир шуд, қавонине, ки ин маъракаҳоро танзим кунад, бо иштибоҳҳо ва бидуни ба инобат гирифтани назари аҳзоби сиёсӣ таҳия шудааст.

Ин дар ҳолест, ки Шерхон Салимов-раиси кумитаи қонунгузории Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон интиқодоти нирӯҳои сиёсии мухолифи давлатро бепоя мехонад. Оқои Салимов гуфт, дар қонуни интихоботи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама меъёрҳои байналмилалӣ барои баргузории интихобот риоят шудааст. Ва ончи ки аз нигоҳи аҳзоби сиёсӣ нукоти заъфи қавонин арзёбӣ мешавад, афзуд оқои Салимов, заъфи худи онҳост на заъфи қонун:

«Ҳамаи комиссияҳои интихоботӣ бо дарназардошти намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ таъсис дода мешаванд. Комиссияи участкавиро комиссияи ҳавзавӣ, комиссияи ҳавзавиро Комиссияи марказии интихобот таъсис медиҳад. Яъне, шароити чӣ қонунӣ, чӣ воқеъӣ вуҷуд дорад, ки дар ин комиссияҳо намояндагони ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ бошанд ва комиссияи участкавиро комиссияи ҳавзавӣ таъсис медиҳад ва намояндагони ҳамон ҳизбе, ки дар ҳавза ҳастанд, бигузор талаб кунанд, ки дар ҳамин комиссияи участкавӣ намояндагонашон бошанд»

Аммо Шокирҷон Ҳакимов- як ҳуқуқшиноси тоҷик нуктаи дигари заъфи Қонуни интихоботи раёсати ҷумҳуриро дар он мебинад, ки маблағгузории ҷараёни таблиғоти маъракаи интихоботӣ барои номзад ба таври рӯшану дақиқ муайян нашудааст. Оқои Ҳакимов афзуд, дар ҳоле, ки дар қонун ҳама масрафоти ин раванд ба дӯши давлат вогузор шудааст, иҷозаи истифодаи сад ҳазор сомонӣ барои номзади мансаби раёсати ҷумҳурӣ аз тарафи комиссияи марказии интихобот ғайриқонунист:

«Бист рӯз барои маъракаи таблиғоту ташвиқот дар шароити Тоҷикистон, ки аслан фазои иттилоотияш як маҳдудиятхо дошт ва матбуоти озод қариб, ки вуҷуд надошт ва инчунин мушкилиҳои барқӣ низ дар фасли тирамоҳ дар Тоҷикистон ҳаст, боиси он мегардад, ки шаффофият дар интихобот набошад. Гузашта аз ин, тирамоҳ воситаи асосии нақлиёт миёни минтакаҳои Тоҷикистон асосан роҳи ҳавопаймо аст, хусусан, вилояти Бадахшону Суғд. Ин аллакай тақрибан 40 фисади интихобкунанда аст. Ва ин ҳама дар маҷмӯъ боиси он мегардад, ки интихобот ба таври шаффофу озоду демократӣ ташкил ва гузаронида нашавад»

Бо ин ҳама, Раҳматулло Зоиров -раиси Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти мавқеъ ва назароти худ ин нукотро зикр кард, ки аз 16 қонуни конститутсионӣ дар Тоҷикистон баъд аз қабули Қонуни асосӣ дар соли 1994 танҳо Қонуни интихоботи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки нав ношуда боқӣ мондааст. Зеро бар асоси талаботи Қонуни асосӣ дар тӯли як соли қабули Сарқонун боястӣ ҳама қавонини конститутсионӣ аз нав навишта ва қабул шавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки қонуни интихоботи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон қабл аз қабули Қонуни асосӣ таҳия ва қабул шуда то кунун ба он дар ду маротиба яке дар соли 1999 ва бори дуввум дар соли гузашта ислоҳот ворид шудааст.
XS
SM
MD
LG