Пайвандҳои дастрасӣ

Нигоҳе кӯтоҳ ба 15 соли истиқлоли Тоҷикистон


шореҳи меҳмон

Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки 15 сол пеш аз ин эълон гардид, натиҷаи муборизаҳои миллӣ-озодихоҳии халқҳои шӯравӣ, аз ҷумла талошҳои озодихоҳони тоҷик буд. Ҳадафи ин мубориза иборат буд аз таъмин намудани соҳибихтиёрии халқи тоҷик буд, то ин ки он, халқи тоҷик, битавонад забону фарҳанг ва ҳуввияти миллии худро хифз кунад, худро бишиносад ва бисозад, ҷомеаи озод ва назму низоми одилонатаре ба вуҷуд оварад, ва зиндагии беҳтарро барои ҳамаи мардуми кишвар таъмин намояд. Албатта, барои расидан ба ин ҳадафҳои бузург замони зиёд лозим аст. Хусусан, дар шароити кишвари ақибмонда. Вале 15 сол ҳам муддати каме нест. Дар ин муддат бархе кишварҳои шӯравии пешин, ба вижа кишварҳои Балтик ва Аврупои Шарқӣ, ба дастовардҳои бузург ноил шуданд. Онҳо тавонистанд пояҳои давлати миллии худро таҳким намоянд, ислоҳоти бунёдиро амалӣ кунанд ва пешрафти иқтисоду болоравии сатҳи зиндагии мардумро таъмин намоянд.

Аммо дастовардҳои Тоҷикистон хеле камтар аст. Истиқлолияти мо ҳанӯз ноқис аст. Албатта, дар ин ҷо ҳам дигаргуниҳои мусбӣ рӯнамо шудаанду мешаванд, вале мушкилоти фаровоне ҳам вуҷуд доранд. Ин сабабҳои зиёд дорад. Як сабаби муҳимаш ин аст, ки дар Тоҷикистон, ба иллати пойин будани сатҳи маърифати сиёсии мардум, зарурати истиқлолияти давлатӣ ва ҳадафҳои он дуруст дарк ва фарогир нашуда буд. Аз ин рӯ, бисёриҳо, ба вижа ҳукуматдорони кишвар, ки ҳама коммунист буданд ва дар хидмати «Марказ» қарор доштанд, на танҳо барои истиқлолияти халқу Ватан талош накарданд, балки мухолифи он буданд. Ин ихтилофи назарҳо мояи низоҳои баъдӣ шуданд. Ба болои ин маҳалгароию ҷоҳталабии баъзе гурӯҳҳо изофа шуданд. Русияву Узбакистон аз ин ихтилофот хеле моҳирона ба суди хеш истифода карданд ва кор ба ҷанги «дохилӣ» кашонда шуд. Озодиҳоҳони тоҷик саркӯбу парешон шуданд, ҳукуматдорон - мадюни ҳомиёни хеш. Бинобар ин, таи солҳои 90 ҳукумати кишвар, ки сахт вобастаи Русия буд, барои таҳкими истиқлолият ва ба вуҷуд овардани пояҳои давлати мустақил амалан кӯшиш накард ва «фурсати тиллоӣ»ро аз даст дод. Танҳо таи чанд соли ахир аст, ки ҳукуматдорон ба ҳадафҳои истиқлолият гароиш нишон медиҳанд ва аз зарурати таҳкими истиқлолият, ҳимояти забону фарҳанги миллӣ, аз худшиносию омӯзиши фарҳанги ниёкон ва пешрафти иқтисоди миллӣ ҳарф мезананд. Агар дар паси ин шиорҳо ғаразҳои сиёсии дигаре пинҳон набошад, пас, метавон гуфт, ки ин худ яке аз дастовардҳои муҳими истиқлолият аст.

Бузургтарин дастоварди Тоҷикистон ҳамоно соҳиб шудан ба истиқлолияти давлатӣ аст. Зеро он, озодию истиқлолият, волотарин арзиш ва муҳимтарин ҳадафи инсонҳо мебошад. Он оғози марҳилаи тозае дар таърихи навини мо аст.
Натиҷаи истиқлолият буд, ки Тоҷикистон ба масобаи субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба расмият шинохта шуд. Кишвар ба СММ ва бархе созишномаҳои муҳими байналмилалӣ пайваст, ки ин барои амнияти кишвар хело муҳим аст. Истиқлолият имконият дод, ки равобити сиёсӣ ва ҳамкориҳои иқтисодии мо бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон густариш ёбад. Дар натиҷа, сармояи хориҷӣ ба кишвар ҷалб шуд ва корхонаҳои муштарак сохта шуданд, болоравии иқтисоди миллӣ оғоз гардид, сатҳи фақр ба андозаи қобили мулоҳиза коҳиш ёфт, сохтмони ниругоҳҳои барқи обӣ, хутути интиқоли барқ ва тармиму таҷдиди роҳҳои кишвар аз сар гирифта шуд.

Аз баракати истиқлолият ва сулҳу субот дар кишвар фазои нисбатан озоди иттилоолтӣ ба вуҷуд омад. Ҳоло шумори зиёди нашрияҳои нисбатан мустақил фаълият мекунанд ва дар саҳифаҳои онҳо андешаҳои мардум ва дардҳою мушкилоти зиндагии ҷомеа бозтоб мешаванд. Раҳоӣ ёфтан аз зери бори догмаҳо ва муқаррароти идеологияи ҳоким (ба вижа дар соҳаи илм ва системаи маориф), рӯ овардан ба таърихи халқи тоҷик ва интишори донишҳо дар бораи гузаштаҳои дуру наздики мо ва аз ин роҳ боло бурдани худшиносии миллӣро низ метавон аз ҷумлаи дастовардҳои муҳими замони истиқлолият арзёбӣ кард. Ин ҳама аз баракати истиқлолият муяссар гардид.

Албатта, дастовардҳои кишвар мумкин буд хело бештару ҷиддитар бошанд, агар сатҳи маърифати мардум ва ҳукуматдорон болотар мебуд, агар суботи сиёсӣ дар кишвар барҳам намехӯрд ва равшанфикрону озодихоҳон саркӯбу парешон намешуданд. Мутаасифона, ҳукуматдорони Тоҷикистон, чунон ки дар боло зикр шуд, пушту паноҳи худро дар Русияю Узбакистон ёфтанд ва дар паи таҳкими пояҳои истиқлолияти кишвар нашуданд.

Ҳукумати кишвар дар кори ба вуҷуд овардани вазоратхонаҳою идораҳои барои давлати мустақил зарурӣ шитоб накард, таъсис додани системаи бонкӣ ва бо пули миллӣ иваз кардани пули русиро ба таъвиқ андохт ва истифодаи пули Русияро дар Тоҷикистон идома дод. Равшан аст, ки ин кор комилан хилофи манофеъи миллӣ буд. Ин буд, ки бар асари таварруми шадид ва ислоҳоти пул дар Русия, пулҳои мисли барги хазон беқурб шудаи русӣ ба Тоҷикистон сарозер шуд, ва ба мардум ва иқтисоди кишвар зарарҳои зиёд расонд. Ислоҳоти пул дар соли 1995 ва дефолти Русия дар соли 1998 низ барои Тоҷикистон харобиовар буданд.

Ба болои ин, тавре ки интизор мерафт, таварруми сарсомовар оғоз шуд ва нарху навои бозор бо шиддат боло рафт, робитаҳои иқтисодӣ байни корхонаҳои шӯравии пешин гусаста шуд, ва ҳамаи кишварҳои ҳамсудро бӯҳрони шадиди иқтисодӣ фаро гирифт. Дар чунин шароит ҳукумат кӯркӯронаю муқаллидона роҳи гузор ба иқтисоди бозорро пеш гирифт ва ба шеваҳои ғайриоқилонаю бедодгарона ба ислоҳоти иқтисодӣ даст зад. Дар натиҷаи «хусусигардонии моликияти давлатӣ», ки онро русҳо «прихватизация», яъне «тороҷгарӣ» номидаанд, гурӯҳе соҳиби молу сарват шуданд ва аксарияти мардум муфлис гардиданд Ин ҳама боиси густариши фақру бенавоӣ ва амиқтар шудани нобаробариҳои иҷтимоӣ гардид. Бештари корхонаҳо аз кор афтоданд, бекорӣ авҷ гирифт ва садҳо ҳазор нафар, аз ҷумла мутахассисони ботаҷриба ба хориҷи кишвар муҳоҷират карданд. Дар натиҷаи «фирори ақлҳо» системаи маориф ва тандурустӣ таназзул кард, ва сатҳи дониши шогирдон дар мактабҳою донишгоҳҳо пойин омад. Фақру бекорӣ ва музди ночизи мардум боиси густариши фасоди ахлоқию иҷтимоӣ, ривоҷ ёфтани ришвахорӣ, қонуншиканиҳо, ҷурму ҷиноят ва бебандубориҳо дар ҷомеа гардид. Фарҳанги ҷомеа таназзул кард ва арзишҳои волои инсонӣ беқадр шуданд. Ин ҳама талафоти бузурге буданд, ки таи солҳои гузашта насиби мардуми кишвар шуданд. Гузашта аз инҳо, ҳукуматдорон ҳанӯз ҳам аз шеваҳои идории замони шӯравӣ раҳоӣ наёфтаанд, ҳанӯз ҳам амру фармон содир мекунанд. Ҳанӯз ҳам «чорабиниҳою ташкил карданҳо» ва ҳангомаҳою валвалаҳо шеваи коргузории «раҳбарон» аст. Аз сӯи дигар, шумори зиёди афроде, ки дар хидмати ҳукумат ҳастанд ва ё бо давоиру дастгоҳи хукуматӣ иртибот доранд, на танҳо аз маддоҳию рафтори ғуломона дур нашудаанд, балки, баракс, то ба сарҳади бутпарастӣ пеш рафтаанд.

Албатта, ин ҳама танҳо хоси Тоҷикистон нест. Бисёре аз дигар кишварҳои шӯравии пешин низ гирифтори ҳамин гуна бӯҳронҳо ва мушкилот шуданд ва ҳоло ҳам аз онҳо раҳо нашудаанд.

Тоҷикистон ҳоло дар марҳилаи болоравии иқтисод қарор дорад. Сиёсати ҳукумат дар ҷиҳати бо сурат рушд додани энергетика, транспорт, соҳаҳои мухталифи саноат ва сохтмону хидамот, мумкин аст, пешрафти устувор ва дарозмуддати кишварро таъмин намоянд, ба шарте ки ҳадафҳои эълон шуда дуруст дарк ва амалӣ шаванд.
XS
SM
MD
LG