Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушта шудани волии Пактиё


Аз Афғонистон хабар мерасад, ки Толибон масъулияти қатли волии Пактиё Ҳаким Танволро бар ӯҳдаи худ гирифтаанд. Танивол ҳамроҳ бо бародарзода ва раҳбари ҳайъати муҳофизонаш дар асари як ҳамлаи интиҳорӣ дар даври дафтари кораш дар маркази Пактиё шаҳри Гардез кушта шуд.

Дар ҳамин ҳол, паймони низомии НАТО, ки фармондеҳии амалиётҳои низомии эътилоф дар вилоёти ташаннуҷзадаи ҷануби Афғонистонро бар ӯҳда дорад, мегӯяд, дар ҷараёни набардҳое, ки аз шоми шанбе дар Қандаҳор идома дошт, боз 94 тан аз ҷангиёни толиб кушта шудаанд. Ва ба гуфтаи Насориддин Ҳамдод, як мақоми пулис, субҳи дирӯз дар ҷараёни даргирии байни пулис ва як гурӯҳи силоҳбадаст дар атрофи шаҳри Мазори Шариф 4 нафар, аз ҷумла 3 маъмури пулис ва як силоҳбадаст кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG