Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ораш дар Тоҷикистон


Ораш, овозхони маъруфи попи эронӣ барои иҷрои барномаи консертӣ рӯзи якшанбеи 10 сентябр вориди шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон шудааст ва ҳарду консерти ӯ барои тамошобинони тоҷик бепул баргузор хоҳанд шуд. Бино ба иттилоъи шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон, консерти нахустини Ораш соати 12-и зӯҳри душанбе, 11 сентябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Ҳамон рӯз Ораш ва ҳайати гурӯҳаш ба Кӯлоб сафар мекунанд ва дар назар аст, дар варзишгоҳи тозабунёди ин шаҳр дуввумин консерти худро пешкаши ҳаводоронаш намояд. Консерти аввали Ораш дар душанбе мебоист шоми якшанбе доир мешуд, вале тавре худи ӯ ба телевизиони Тоҷикистон гуфт, ба иллати дер расидани ҳайъати навозандагонаш ин консерт то зӯҳри душанбе қафо андохта шуд. Худи Ораш чанд рӯз қабл зимни мусоҳибаи ихтисосӣ бо радиои Озодӣ гуфта буд, ки барои мухлисону ҳаводорони тоҷикистониаш шоу - барномаи махсусе таҳия кардааст.
XS
SM
MD
LG