Пайвандҳои дастрасӣ

Ноҳияи Ҷиргатол 75 сола шуд


Дар ростои таҷлил аз 15-умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон ва 2700 солагии шаҳри Кулоб ҳамзамон сокинони калонтарин ноҳияи водии Рашт - Ҷиргатол 75 солагии таъсиси ноҳияи худро ҷашн гирифтанд.


Ба ин муносибат дар маркази шаҳраки Ҷиргатол як нишасти идона баргузор шуд.
Бино ба иттилоъи хабарнигори радиои Озодӣ дар минтақаи шарқи Тоҷикистон Аслонбек Раҳмонов раиси ноҳияи мазкур зимни табрики сокинони ин ноҳия ҳамзистии мусолиматомези мардуми қирғизу тоҷики ноҳияи Ҷиргатолро намунаи хуби равобити дустонаи ду миллат- тоҷикону қирғизҳо номид. Дар баробари мақомоти ноҳияи Ҷиргатол сокинони ин ноҳияро ҳамчунин мақомоти вилояти ҳамҷавори Ӯши ҷумҳурии Қирғизистон, ки меҳмони ҷашни 75 солагии Ҷиргатол буданд, шодбош гуфтанд ва дар зимн хостори равобити амиқу бештари иқтисодиву фарҳангӣ миёни бародарони тоҷику қирғиз шуданд.


Ҷиргатол яке аз навоҳии дурафтодаи шарқи Тоҷикистон аст, ки дар фосилаи 300 километрии шаҳри Душанбе ҷойгир аст ва 57 ҳазор аҳолӣ дорад. Беш аз 60 дарсади ҷамъияти ноҳияро мардуми қирғиз ташкил медиҳанд. Мардуми Ҷиргатол асосан ба кишоварзиву чорводорӣ машғуланд.
Хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ҷиргатол ба парвариши картошка ихтисос ёфтаанд ва дар водии Рашт ноҳияи муҳими тавлидкунандаи картошка ба ҳисоб меравад.
XS
SM
MD
LG