Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни умри бозори Черкизово


Андрей Метелский, муовини раиси Думаи шаҳри Маскав дар як гуфтугӯ бо родиёи "Эхо Москви" гуфтааст, бозори Черкизово, бузургтарин бозори пойтахти Русияро то Соли Нав аз байн хоҳанд бурд. Оқои Метелский гуфтааст, ҳама масоили марбут ба ҳаққи моликият ба замини бозори Черкизово алакай ҳалл шудааст.

Бино ба хабарҳои қаблии матбуоти Русия, қарор аст, дар қаламрави бозори Черкизово як маркази иҷтимоӣ бо номи "Измайлово" қомат рост кунад. Дар як бахши аъзами бозори Черкизово марказҳои муосири тиҷоратӣ сохта мешаванд, вале қисмате аз он барои бунёди манзилҳои баландошёна ҷудо хоҳад шуд. Қарор аст, марокизи нави тиҷоратӣ дар давродаври ҳалқаи чаҳоруми нақлиётии Маскав, ки як қисматаш аз паҳлуи бозори Черкизово хоҳад гузашт, бунёд шаванд.

Дар ҳоли ҳозир, маҷтамаъи бозорҳои Черкизово аз 10 бозор иборат аст, ки аксари онҳоро тоҷирони тот Телман Исмоилов ва Зарах Илиев таҳти назорат доштаанд. Маҷаллаи амрикоии "Форбс" дороии ҳар кадом аз ин дуро болиғ аз ним миллиард доллар ҳисоб зада, онҳоро дар феҳрасти 100 сарватманди аввали Русия ҷой додааст.

Дар маҷтамаъи бозорҳои Черкизово шумори бузурге аз муҳоҷирони тоҷик кор мекунанд. Созмони "Тоҷик-Диаспора" шумори шаҳрвандони тоҷик дар Черкизовро болиғ аз 17 000 нафар баровард мекунад, ки аксараш ба кори ҳаммолӣ, вале теъдоде ҳам бо тиҷорат дар ин бозор машғул будаанд.

Дар асари таркиши бамб дар бозори "Новая Евроазия", яке аз бозорҳои шомили маҷтамаъи Черкизово 10 нафар кушта ва 49 нафар захмӣ шуданд. Дар байни кушташудаҳо 4 нафар атбоъи Тоҷикистон будаанд.
XS
SM
MD
LG