Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозори Черкизоворо то Соли Нав "мебардоранд"


Андрей Метелский, муовини раиси Думаи шаҳри Маскав дар як гуфтугӯ бо родиёи "Эхо Москви" гуфтааст, бозори Черкизово, бузургтарин бозори пойтахти Русияро то Соли Нав аз байн хоҳанд бурд. Оқои Метелский гуфтааст, ҳама масоили марбут ба ҳаққи моликият ба замини бозори Черкизово алакай ҳалл шудааст.

Бино ба хабарҳои қаблии матбуоти Русия, қарор аст, дар қаламрави бозори Черкизово як маркази иҷтимоӣ бо номи "Измайлово" қомат рост кунад. Дар як бахши аъзами бозори Черкизово марказҳои муосири тиҷоратӣ сохта мешаванд, вале қисмате аз он барои бунёди манзилҳои баландошёна ҷудо хоҳад шуд. Қарор аст, марокизи нави тиҷоратӣ дар давродаври ҳалқаи чаҳоруми нақлиётии Маскав, ки як қисматаш аз паҳлуи бозори Черкизово хоҳад гузашт, бунёд шаванд.

Тафсилоти ин хабар дар гӯшаи Бозори Озодӣ қобили дарёфт аст.
XS
SM
MD
LG