Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гиромидошти хотираи Аҳмадшоҳи Масъуд дар Афғонистон


Дар Кобул, пойтахти Афғонистон, расми ёдбуди Қаҳрамони миллии Афғонистон, Аҳмадшоҳи Масъуд, барпо шуд, ки панҷ сол пеш ва ду рӯз то ҳамлаҳо ба Иёлоти Муттаҳида дар як амали террористӣ кушта шуд. Президенти Афғонистон Ҳомид Карзай дар баробари издиҳоми мардум дар Хиёбони ба номи Масъуд дар Кобул гуфт: "Ин маросими ёдбуди шаҳидон ва ба вижа поси хотири шаҳиди бузурги Афғонистон аст, ки ҷони худро барои ҳар зарраи хоки ин ватан қурбон кард ва ӯ Аҳмадшоҳи Масъуд аст, ки ман хеле аз наздик мешинохтам."
Бародари Масъуд -- Аҳмад Валӣ гуфт: "Масъуд мазҳари ҳақталабӣ дар сарзаминест, ки қатлгоҳи ҳақ аст. Масъуд як муқовимат аст дар муқобили даҳшатафканӣ, беадолатӣ ва зулму ситамгарӣ."
Расми ёдбуд як рӯз пас аз ҳамлаи маргталабонае ҷараён дорад, 16 нафар, аз ҷумла 2 сарбози амрикоиро дар Кобул ба ҳалокат расонд. Ҳамзамон нирӯҳои таҳти фармони НАТО мегӯянд, онҳо якҷо бо нирӯҳои афғон дар ҷануби Афғонистон 50 ошӯбгарро куштаанд. Дар ҷангҳои ахир дар ин минтақа як сарбози нирӯҳои байнулмилалӣ низ ба ҳалокат расидааст.
XS
SM
MD
LG