Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мероси Шери Панҷшер -- Аҳмадшоҳи Масъуд


"Шери Панҷшер" -- симфонияи оҳангсози амрикоӣ Дейвид Гейнс, ки ба корномаи Аҳмадшоҳи Масъуд бахшида шуда. дар бузургтарин толорҳои консертии ҷаҳон садо дод, акнун дар шакли албоми алоҳида ба нашр расид.
Симфонияи Гейнс монанди филми коргардони фаронсавӣ Кристоф де Понфили талошест дар кашфи сарчашмаи нирӯофарин ва мояи бузургии фармондеҳи машҳури Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд. "Ҷанги ман бар зидди ҷанг", "Оташи дил", "Охирин девор" номи фаслҳои симфонияи Гейнс ҳастанд ва фасли ниҳоии он чунин ном дорад: "Акнун мо ҳама Масъудем", ки бо суханони маҳшури акнун ман ҳам берлиниям-и Ҷон Кеннеди ҳамсадо мешавад.

Нӯҳуми сентябри соли 2001, ду рӯз пеш аз ҳамлаҳои террористӣ ба Иёлоти Муттаҳида, Масъуд аз тарафи ду террористи араб, ки худро журналист муаррифӣ карда буданд, ба ҳалокат расид.
Ин ҳам дар ҳоле ки вай охирин девори Афғонистон дар сари роҳи ҷумбиши тундрави Толибон буд. Пас аз панҷ соли ин фоҷиа, имрӯз дар Афғонистон, ки ҷангу нооромӣ аз нав қувват мегирад, дар миёни аҳли назари ин кишвар сӯги камбуд ё набуди шахсе монанди Масъуд матраҳ мешавад. Раҳматуллоҳи Бежанпур, коршиноси афғон мегӯяд: "Дар гуфтумонҳое, ки дар ҳавзаи баҳси масъалаҳои Афғонистон матраҳ шуд, фуқдони шахсияти каризматик (машҳур) ва муҳими сиёсӣ барои инсиҷоми масоили Афғонистон, ки зиндаёд Аҳмадшоҳи Масъуд буд, дарвоқеъ яке аз мушкилоти муҳиму меҳварии масоили Афғонистон шинохта шуд. Дар гузаштаҳо мавҷудияти як партизон, як чирик, як инсони созмонгари фаъоли сиёсӣ барои убур аз ҳар марҳилаи душвор як итминони хотир барои ҷомеаи Афғонистон буд ва ҳуҷуму ҳузури бегонаву душману ғайр душман дар Афғонистон зиёд хатар намеофарид. Аммо дар панҷ соле ки таҳаввулоти ҷаҳонӣ бар меҳвари бардоштан ва фуқдони эшон созмон ёфт, таҳаввулоте ки ҳам дар дохили Амрико ва ҳам дар ҳавзаи Афғонистон одреси муштарак пайдо карданд ва дарвоқеъ баландтарин сохтмонҳои оламро дар Амрико фурӯ рехт ва баландтарин чеҳра ва истиқомату қомати баланди таърихи Машриқзаминро дар Шарқ фурӯ рехт, дар ҳақиқат яке аз ҳаводиси фоҷиавии ҷаҳон маҳсуб мешавад."
Захме ки аз бохти шахсияте монанди Масъуд ба дилҳо нишаст, ба навиштаи Сардор Аҳмад, журналисти афғон, ҳамоно хунчакон аст. Дар рӯзи ёдбуди Масъуд ҳазорон нафар дар зодбуми ӯ, деҳаи Ҷангалаки Панҷшер ҷамъ меоянд ва дар пояи мадфани ӯ намоз мегузоранд.
Сардор Aҳмад менависад, дар солҳои охири умраш Масъудро "падари афғон"-ҳо меномиданд ва даъвати ӯро ба ваҳдати кишвари азҳамрехта ба ҷон мепазируфтанд. Вале имрӯз, Воҳиди Мужда, як таҳлилгари сиёсии афғон дар Кобул мегӯяд, ҳамкорони Масъуд номи ӯро бузург мекунанд, то бо номи ӯ қудрат ба даст оранд. Ва Рӯҳулло, як сокини Кобул гуфтааст, "вай як ҷангсолор буд."
Ба навиштаи хабарнигори Asia Times Пепе Эскобар Масъуд дар ҷавонӣ орзу дошт, меъмор шавад ва биноҳои зебо барафрозад, вале ба ҷойи ин маҷбур шуд, тамоми умр биҷангад. Дар маҷаллаи Central Asia Monitor тасвири хонаи Масъуд омадааст, ки аз рӯи тарҳи худи ӯ сохта шудааст. Аммо дар бораи ҳунари ҷангии ӯ дуктур Чингизи Паҳлавон мегӯяд: "Масъуд аз нигоҳи низомӣ, бетардид, як нобиға ба ҳисоб меояд. Зеро ӯ тавонист, тиурии ҷангро бо фаъолиятҳои гуногуни худаш таҳаввул бидиҳад ва фавқулодда ҳушманд буд ва аз аъмоли зудгузар мепарҳехт."
Шахсияти нодири Аҳмадшоҳи Масъудро Пепе Эскобар муҳимтарин омили маҳбубияти ӯ дар миёни мардуми худ ва дар саҳнаи ҷаҳонӣ номидааст. Вай менависад, дар мулоқотҳояш Масъуд ба чашми ӯ шабеҳи шоирони давраи зуҳури Битлз падид омадааст. Ва хабарнигори дигар, Роланд Барисил, Масъудро "ҷанговари рӯшанфикр" меномад.
Ва Раҳматуллоҳ Бежанпур мегӯяд: "Бо шинохте ки аз ишон доштам, як чунин фарди пуринержӣ ва тавонманде бо имконоти андак дар баробари хатароти бисёр бузург аз муҳаббату аз шигифтиҳои рӯзгор аст. Вале мо эъмоли салиқа мекардем, бахше ба унвони ҳокимияти соқитшуда аз ҷомеа ба наҳве нафрат дошт, ки гӯё ин омили суқути мо буд, бахше ба унвони инки ӯ тафаккураш исломисту мо нестем, ихтилоф дошт, бахше ба унвони инки ӯ тоҷик асту мо аз ин табор нестем, ихтилоф доштанд ва бахше ба хотири инки ӯ бисёр бузург асту мо кӯчак ҳастем, ихтилоф доштанд, аз чандин раҳгузар эъмоли салиқа карданд ва ба ин тартиб як вазъияти бисёр носудманди сиёсӣ дар Афғонистон ба вуҷуд омад. Ин ихтилофот бойис шуд, ки ин барномаҳо ва истротеҷиҳои гунгу мубҳам созмондиҳӣ бишаванд ва як инержии фаъолу як шонси воқеъиро аз мардуми Афғонистон бигиранд."
Аз журналистони тоҷик аввалин мусоҳибаро бо Аҳмадшоҳи Масъуд, сардабири барномаҳои иттилоотии телевизиони Тоҷикистон Қурбоналӣ Хуҷамов дар соли 1996 анҷом додааст. Вай мегӯяд: "Ба сурати умум, ҳамчун қумондон агар ба ӯ нигарем, дар ӯ ягон чизи омирона ва назарбаландона эҳсос намешуд, балки бештар фикр мекардед, дар баробари шумо як одами хоксор ва бисёр фурӯтан нишастааст. Ҳамзамон хеле зуд мефаҳмидед, ки ӯ як шахси оқил, донишманду хирадманд ва дурандеш аст. Оре, вай шахсе буд, ки фаросот ва заковати бисёр бузург дошт ва ба ҳар савол ҷавоби рӯшaну комил медод."
Аз рӯйи ончи дар замони зиндагии Масъуд, махсусан солҳои охири ҳаёташ, дар матбуоти Ғарб чоп шудааст, метавон дид, ки аксарият кӯшидаанд, муносибати ӯро ба ислом ошкор кунанд. Пепе Эскобар менависад, исломи Масъуд нарм буд монанди шафтолуи Панҷшер. Дар водии ӯ занон таҳсил мекарданд, ҳамсари худаш бурқа намепӯшид ва Масъуд исломи толибонро қабул надошту мегуфт, бин Лодин бояд боздошт шавад ва ё аз Афғонистон ронда шавад. Ними суолҳо дар мусоҳибаи он ду террорист дар ниқоби хабарнигор, охирин мусоҳибаи Масъуд, ба бин Лодин марбут буд. Ҳангоми сафараш ба Аврупо, аввалин сафари хориҷии Масъуд, аз ӯ бисёр суол мешуд, ки оё Афғонистон зимни сиёсатҳои толибҳо ба қисматҳо ҷудо хоҳад шуд. Ин ишорае ҳам буд ба тоҷик будани Масъуд.
Дуктур Чингизи Паҳлавон мегӯяд: "Аз назари сиёсӣ ба иллати ин ки тоҷик буд, мухолифонаш ҳамвора мекӯшиданд, ба ӯ хислати қавмӣ диҳанд, аз ин бобат ӯро накӯҳиш бикунанд ва ба унвони як хатар аз ӯ ёд бикунанд. Лаҳҷаи ширини Масъудро бархе аз мухолифонаш дарвоқеъ баҳонае мекарданд, барои ҳамла ба ӯ. Аммо ман ки ҳар бор аз наздик ӯро медидам, медидам, ки чӣ равобити неке бо ақвоми мухталиф дорад, ба хусус бо бародарони паштун, ҳазора, туркман ва ӯзбак ва чӣ қадар кӯшо буд, ки усулан сохтори қудрати сиёсӣ дар Афғонистон таркибе аз ширкати ҳамаи ин ақвом ва мардум бошад."
Дар охирин солҳои умраш Масъуд бо тоҷикони шӯравӣ аз наздик ошно шуд, аз он ҷо ки паноҳандагони тоҷик ва намояндагони иттиҳоди оппозисюни Тоҷикистон қисман дар қаламравҳои таҳти назорати ӯ ба сар мебурданд.
Хабарнигори тоҷик, он вақт корманди телевизиони давлатӣ ва ҳоло сардабири нашрияи "Зиндагӣ" Қурбоналӣ Хуҷамов мегӯяд: "Як саволе ки ман бо ӯ матраҳ кардам, дар бораи равобити Тоҷикистон ва Афғонистон буд. Ва манзури ман ин буд, ки оё ҷаноби Масъуд роҷеъ ба Тоҷикистон то куҷо огаҳӣ дорад ва муносибаташ ба Тоҷикистон чигуна аст. Ӯ ба сурати бисёр комил посух дод. Дар бораи робитаҳои ду кишвар бисёр суханони хуб гуфт ва ҳамчунон дар бораи ягонагии фарҳангу тамаддуни мо, забони мо ва нишон медод, ки ба масъала бисёру бисёр огаҳ буд."
Ба гуфтаи Хуҷамов ҳамон рӯзҳо буд, ки Масъуд ба таври ҷиддӣ ду тарафи низоъи Тоҷикистонро ба сулҳу оштӣ даъват мекард.
Раҳматуллоҳи Бежанпур ҳамчун шоҳид як мулоқоти Тахорро ба ёд меорад: "Як гуфтугӯ байни ҷаноби Нурӣ ҳамчун раҳбари мухолифон ва ҷаноби Раҳмонов, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Тахор барпо шуд ва ман шоҳид будам, ки аз оғози он Масъуд талош кард, хиҷолат аз низоъро дар миён гузорад ва фазои ҳокими музокирот бикунад. Масъуд ҳардуи онҳоро бисёр зебо дар оғӯш гирифт ва гуфт, бардорон, ман аслан хиҷолат мекашам, ки мо баҳси ихтилоф бикунем. Мо арзишҳои хубе дорем ва гузаштаҳои рӯшану боифтихоре ва баҳсе ки сар задааст, бисёр осон бо гуфтугӯи рӯбарӯ ҳал мешавад. Шумо биравед ва мардуми Тоҷикистонро аз ин беш интизор накунед. Мо бо шумо ҳастем, мо яке ҳастем ва мо ҷудоинопазир ҳастем. Ва инсофан, ин иддаъо набуд. Инро ҷаноби Раҳмонов худашон ба хотир доранд, ки ин яке аз эҳсосҳи амиқе буд, ки Аҳмадшоҳи Масъуд дар нафаси худ мунтақилаш мекард."
Ва охирин нафаси худро Масъуд дар он сӯи рӯди Омӯ, дар Тоҷикистон кашид.
Он вақт журналисти собиқи телевизиони тоҷик Қурбоналӣ Хуҷамов ҳанӯз фикр надошт, ки хотираҳои худро рӯйи қоғаз оварад: "Рӯзи ҷашни истиқлоли Тоҷикистон буд ва шоми он рӯз мо дар зиёфати як дӯсти худ будем, ки касе омад ва ин хабарро расонд, ки Аҳмадшоҳи Масъуд даргузаштааст. Ин як хабари аввалан, боварнакарданӣ ва баъдан бисёр ғамангез буд. Ғамангез на танҳо барои мардум Афғонистон, балки барои тамоми мардуме ки барои озодӣ, барои ифтихор ва ғурури миллӣ, барои ҳаққи инсон ва қоил буданд барои он ки ҳеҷ кас дар ҳеҷ куҷо ба касе зулм накунад, хабари бисёр мутаассиркунанда буд ва ҳамаи онҳое, ки сари дастархон бо мо менишастанд, аз чашмонашон ашк мерехт. Он рӯз бо вуҷуди он ки иди истиқлол буд, дар дилҳои мо ғами даргузашти Аҳмадшоҳи Масъуд бисёр асар гузошта буд."
XS
SM
MD
LG