Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

9 сентябр - рӯзи истиқлоли Тоҷикистон


Имрӯз Тоҷикистон понздаҳумин солгарди истиқлолашро ҷашн мегирад. Ҷашни истиқлолро имрӯз дар Душанбе як роҳпаймоии низомии бузург бо ҷалби 11 000 сарбозу афсар ва 3 ҳавопаймову 3 чархболи низомӣ оғоз хоҳад гузошт.


Шомгоҳи имрӯз дар варзишгоҳи марказии Душанбе як намоишномаи бузурги теотрӣ бо номи "Нурҳои истиқлол" ба маърази тамошо гузошта хоҳад шуд. Барои таҳияи ин намоишнома нирӯи тақрибан 12 000 донишҷӯ ҷалб шудааст. Ҳамчунин шомгоҳи имрӯз дар аспрез (ипподром)-и пойтахт баргузории сабқатҳои варзишӣ дар назар гирифта шудааст.


Рӯзи 10 сентябр маркази ҷашнҳо ба Кӯлоб мунтақил мешавад. Дар ҳошияи таҷлил аз 15-солагии истиқлоли кишвар шаҳри Кӯлоб 2700-солагиашро ҷашн хоҳад гирифт. Дар чорчӯби ин маросим рӯзи 11 сентябр дар Кӯлоб консерти Ораш, овозхони форси маъруфи муқими Суэд (Шветсия) доир хоҳад шуд. Аммо нахустин консерти Ораш рӯзи якшанбе, 10 сентябр дар варзишгоҳи марказии Душанбе ва ба таври ройгон баргузор хоҳад шуд.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG