Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Вахш" - қаҳрамони футболи Тоҷикистон шикаст хӯрд


Тими футболи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, ки дар майдони худ бар «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, қаҳрамони футболи Тоҷикистон бо натиҷаи 2 бар 1 пирӯз шуд, бо 34 имтиёз дар ҷадвали мусобиқоти қаҳрамонии футболи ин кишвар дар лигаи олӣ дар мақоми аввал қарор гирифтааст.

Дастаи «Хима»-и Душанбе, ки бар тими мизбон - CSKA-и Душанбе бо натиҷаи 2 бар 0 ғалаба кард, бо 33 имтиёз дар ҷойгоҳи дуввум мебошад. «Вахш» бо 31 имтиёз як зина поин - ба ҷойгоҳи севвум фуромад. Дар се бозии дигар «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров дар майдони худ бар тими «Олими Каримзод»-и Мастчоҳ бо натиҷаи 2 бар 1, «Саройкамар»- Панҷ бар дастаи меҳмон - «Динамо»-и Душанбе бо натиҷаи 3 бар 2 ва «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа низ бо ҳамин ҳисоб бар дастаи мизбон - СКА «Помир»-и Душанбе пирӯз шуданд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот то 14 сентябр
Б Ғ М Б Т И
1. «Регар» ТадАЗ 15 11 1 3 32-10 34
2. «Хима» 15 10 3 2 35-13 33
3. «Вахш» 15 10 1 4 22-12 31

4. «Парвоз» 13 9 1 3 21-13 28
5. СSKA 14 8 0 6 21-21 24
6. «Тоҷиктелеком» 14 7 1 6 23-20 22
7. «Хуҷанд» 12 5 3 4 15-13 18
8. «Саройкамар» 15 4 2 9 22-35 14
9. СКА «Помир» 15 3 4 8 17-27 13
10. «О.Каримзод» 13 2 3 8 14-20 9
11. «Ориёно» 13 2 3 8 13-25 9
12. «Динамо» 16 0 6 10 11-37 6

Низом Раҳимов, ҳамлагари «Регар» ТадАЗ ва Нӯъмонҷон Ҳакимов, бозигари «Парвоз» ҳар кадом бо 10 гол миёни беҳтарин нишонзанҳои мусобиқа дар ҷойи аввал қарор доранд. Сӯҳроб Ҳамидов, аз дастаи «Хима» бо нӯҳ гол дар ҷойи дуввум мебошад.
Бозиҳои навбатӣ:
14 сентябр (панҷшанбе) - «Вахш» - «Хуҷанд», «Регар» ТадАЗ - «Ориёно», «Саройкамар» - CSKA
15 сентябр ( ҷумъа) - «Парвоз» - «Хима»
16 сентябр (шанбе) - «Олими Каримзод» - СКА «Помир»
XS
SM
MD
LG