Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози боздиди расмии раиси Маҷлиси Эрон аз Тоҷикистон


Боздиди расмии мақоми аршади иронӣ субҳи имрӯз (8 август) аз ширкат дар як ҳамоиши ҷашнӣ ба ифтихори 15-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе оғоз ёфт. Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил - раиси Маҷлиси Ҷумҳурии Исломии Эрон шомгоҳи панҷшанбе (7 август) дар раъси як ҳайъати порлумонии кишвараш вориди Душанбе шуд.


Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, қарор аст баъд аз ширкат дар маросими таҷлил аз 15- умин рӯзи солгарди истиқлоли Тоҷикистон баъд аз зуҳри ҷумъа (8 август) Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил бо Эмомалӣ Раҳмонов - раисиҷумҳурии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кунад.


Ҳамчунин интизор меравад имрӯз дар шаҳри Душанбе дар як нишасти муштарак Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил - раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон, Юнуси Қонунӣ - раиси Маҷлиси суфло (поёнӣ)-и порлумони Афғонистон ва Муҳаммадсаид Убайдуллоев - раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон мавзӯъи ҳамкориҳои муштарак миёни се кишвари форсизабонро мавриди баррасӣ қарор диҳанд.
XS
SM
MD
LG