Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯъи таҷлил аз солгарди истиқлоли Тоҷикистон


Субҳи ҳаштуми сентябр бо оғози як ҳамоиши расмӣ дар муҷтамаъи Кохи Борбади Душанбе таҷлил аз маросими понздаҳумин солгарди истиқлоли Тоҷикистон оғоз шуд.


Дар ҳамоиши расмӣ раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов ширкат дошт ва мардуми кишварро бо ҷашни истиқлол табрик гуфт. Пас аз маросим як намоиши тафреҳӣ бо ширкати 1.500 нафар, аз ҷумла, 800 донишомӯз дар Кохи Борбад баргузор мешавад.


Рӯзи нуҳуми сентябр дар варзишгоҳи марказии Душанбе намоише зери унвони «Нурҳои истиқлол» доир хоҳад шуд. Бозигарони ин намоиш ҳудудан 12 000 нафар, аъзои гурӯҳҳои ҳунарӣ, ҳунармандон ва ғолибан донишҷӯёнанд. Раҳбари ҳунарии намоиш Убайдулло Раҷабов, ҳунарпешаи маъруфи Тоҷикистон аст.


Дар ҳамон рӯз дар пойтахт реже (парад)-и низомӣ бо ширкати 11 000 афсару сарбози кишвар баргузор хоҳад шуд. Вазорати дифоъи Тоҷикистон гуфтааст, дар ин роҳпаймоии низомӣ танҳо нирӯи ҳавоӣ бо ҳавопаймоҳову чархболҳо ширкат хоҳад кард. Ширкаткунандагони он аз ҷумлаи афсарону сарбозони вазорати дифоъ, вазорати умури изтирорӣ, Кумитаи марзбонӣ, Горди миллӣ ва донишҷӯёни Фарҳангистони вазорати дохила хоҳанд буд.


Фармондеҳии роҳпаймоии низомиро раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов - сарфармондеҳи Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба дӯш хоҳад дошт.


Нуҳуми сентябри соли 1991 Шӯрои Олии Тоҷикистон дар нишасти фавқулъодаи худ истиқлоли Тоҷикистонро расман эълом кард.
XS
SM
MD
LG