Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз раисиҷумҳур чӣ мехоҳед?


Салом ба РО. Ман мехоҳам фикри худро баён кунам. Ин интихоботҳое, ки дар Осиёи Миёна (Тоҷикистон, Узбакистон) баргузор мешавад, одилона нестанд. Наход дар ҳафт миллион аҳолӣ набошад мисли устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ки озодона фикрҳои худро дар арсаи байналмилалӣ баён кунад. Ман ба ҳамаи сиёсатмадорони Тоҷикистон гуфтаниам, ки дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамин мард мубориза бурд. Ташаккур.
Абубакр
----------------------------------------

Дуруд! Қабл аз ҳама раисиҷумҳури Тоҷикистон мушкилоти аслии мардуми кишварро. ки аз надоштани хона то надоштани ҷойи кори аст, бояд ҳал кунад. Мо ҳам дигар аз барномаҳои фарҳангии ин Президент хел хаста шудаем. Президенте акнун лозим аст, ки сулҳи тоҷиконро мустаҳкамтар ва пайвастагии маҳалҳои ҷумҳуриро қавитар кунад ва ҳама доду шикояти мардумро нодида нагирад.
А.Салимӣ
----------------------------------------

Салом, ҳамватанони азиз.
Пеш аз ҳама аз раисиҷумҳур умед дорем, ки ба илму фарҳанг ва дини ислом бартарӣ диҳад. Бо ин роҳ шояд шавад, аз ришвахорӣ ва фасоди ахлоқ пешгирӣ кард.
Ва афсӯс ки интихоботҳои мо озодона намегузаранд, ба ин сабаб дар ҷомиа президентшавандаи хуб худро нишон намедиҳад.
Бо эҳтиром Абумуҳаммад
аз хориҷи кишвар.

----------------------------------------

Салом ба ҳамватанони азизи тоҷикам! Ба фикри ман, вақти Эмомалӣ Раҳмонов халос шудааст. Мо як нафаре кор дорем, ки моро дар дунё ба як рақами дигар машҳур созад, на ба рақсу бозӣ, ки ӯ нишон медиҳад. Бошад, ки ӯ дар интихобот ноком монад.Мо ба як президенте кор дорем, ки дар фикри мардум ва ватанаш бошад, на дар фикри хешу табору қарияи худ.
------------------------------------------

Аввалан, арзи салом ва адабу эҳтиром дорам хидмати тамоми дастандаркорони радио Озодӣ ва ташаккур мекунам, ки дар фикри мардуми тоҷик ҳастед. Ба назари ман, раиси ҷумҳури оянда бояд дар марҳилаи аввал тамоми талошашро барои баланд бардоштани сатҳи илму фарҳанги Тоҷикистон равона кугад, чун агар мо ҳама чиз дошта бошему илму фарҳанг надошта бошем, пас ин дороии мо ҳамагӣ чанд соле давом хоҳад карду бас. Мо дастони он раисиҷумҳуриро мебӯсем, ки битавонад шароите муҳайё кунад, ки ҷавонони моро ба қуллаҳои баланди илму маърифат бирасонад.
Фирдавс Масрурзода
-----------------------------------------

Президенти ояндаи Тоҷикистон бояд донад, ки баъди 7 сол аз сари қудрат меравад. Аз ин хотир бояд ҷиноят дар ҳар шакл содир нанамояд ва мисли имрӯзиҳо ба хотири нигоҳдошти бақои салтанати худ ҳар дафъа ба Қонуни асосӣ аз сари тарс тағйиру иловаҳо ворид насозаду худро дар қудрат нигоҳ дорад.
Ин аст ягона таманнои ман аз ҳар нафаре ки Президенти оянда мешавад. Намедонам чаро аммо алорағми бисёриҳо ман бовар дорам, 6 ноябр ба сари қудрат нафари наве меояд. Ҳатман бо ҳар роҳе ки бошад...
Ватандӯст
---------------------------------------

Худо он миллатеро сарварӣ дод, ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.
Ба он миллат сару коре надорад, ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

Ҳамон рӯзе ки шоистаи раисҷумҳурии хубтар гаштем, Худо ба мо он нафарро эҳдо мекунад.
----------------------------------------

Салом. Ба фикри ман, раисҷумҳури Тоҷикистон бояд нафаре бошад, ки дар ҷангҳои дохили солҳои 1992-97 даст надошта бошад. Чунин як раис метавонад, барои миллати азият кашидаи тоҷик хидмат кунад. Маҳалбозӣ ва ришвахорӣ яке аз сабабҳои умдатарини қафомонии Тоҷикистонанд. Аз таърихи миллатҳои дигар ба мо маълум аст, ки тамоми миллатҳое ки аз сарашон ҷанг гузаштааст, пас аз ҷанг бо корҳои хирадмандони роҳбаронашон пешравиҳои зиёд намудаанд. Мутаассифона, роҳбарияти Тоҷикистон баъди ҷанги шаҳрвандӣ аз пайи пуркардани кисаҳои худ ва маҳалбозӣ гаштанд. Воқеъан Миллати Тоҷик ба як сарвари дилсӯз ва Мусалмон эҳтиёч дорад.
Худованд Миллати Моро сарбаланд намояд ва моро шоистаи раисҷумҳури ғамхор бигардонад.
Карими Азиз
----------------------------------------
Ба назари ман, раисиҷумҳурии оянда, ки ҳамон раисиҷумҳурии "гузашта" хоҳад буд, 10 дарсад аз таваҷҷуҳ ба рақсу сурудро ба пешрафти илму текнулужӣ, иқтисод, мушкилоти маъишати мардум, мушкилоте, ки имрӯз қишри ҷавони тоҷикро домангир аст (фарҳангӣ-ахлоқӣ), муборизаи ҷиддӣ, воқеъӣ ва бидуни дар назар гирифтани маҳал, бидуни афроди ришвахор, бо тақвияти ҷойгоҳи минтақаӣ ва байнулмилалии Тоҷикистон ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ (бидуни "доля") ва ҳалли мушкили обу барқу гози миллат равона кунад. Ба раисиҷумҳурии "нав"-и Тоҷикистон барори кор орзу дорам.
Адҳам Раҷабов
--------------------------------------------

Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизе ҳаст ё беш аз андоза дароз аст, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳад шуд. Зимнан, ҳич назаре дар Майдони Баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG