Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари мухолифони Қирғизистон дар Лаҳистон боздошт шуд


Маркази хабарии Озодӣ Вазорати умури хориҷаи Қирғизистон хабари боздошти Умурбек Текебоев, раиси пешини порлумон ва раҳбари мухолифони ин кишвар дар Лаҳистонро таъйид кардааст.

Дар баёнияи ин вазоратхона омадааст, ки оқои Текебоев ба иттиҳоми талош барои интиқоли маводди мухаддир ба хоки Лаҳистон (Полша) боздошт шудааст. Дар он гуфта мешавад, ки рӯзи шашуми сентябр раиси собиқи порлумони Қирғизистон дар фурудгоҳи Варшав, пойтахи Лаҳистон бо миқдоре ҳероин ба дасти марзбонон уфтодааст.


Феълан оқои Текебоев дар боздоштгоҳи муваққатии Варшав нигаҳдорӣ мешавад. Текебоев бо шиносномаи диплумотик сафар мекард ва қарор буд дар Ҳамоиши иқтисодии ҷаҳонӣ дар шаҳри Кринитсаи Лаҳистон ширкат кунад.


Дар Бишкек Темир Сараев, як вакили мардумӣ гуфт, ки баъд аз боздошти оқои Текебоев бо ӯ телефонӣ суҳбат кардааст. Вай гуфт, ки Текебоев иттиҳомотро рад мекунад.


Умурбек Текебоев баъди як моҷаро бо раисҷумҳур Қурмонбек Боқиев баҳори имсол раёсати порлумонро тарк кард ва дар канори узвият дар маҷлис бо фаъъолиятҳои ҳизбӣ машғул шуд. Оқои Текебоев раҳбари Нирӯҳои Демукротики Қирғизистон, як ҷунбиши сиёсии мухолифони давлати ин кишвар аст.
XS
SM
MD
LG